Эрон автобусҳои Тоҷикистонро аз ҳабсаш раҳо кард

11 апрел аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе ба ВАО иттилоъ доданд, ки корвони автобусҳои наппа-нав аз Туркия ниҳоят ба пойтахти ҷумҳуриамон  расид.

Корвони аввалин аз 40  автобус иборат буда, дар Туркия харидорӣ гардидааст. Бинобар иттилои шуъбаи зикршуда ин автобусҳо ба наздикӣ дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт ба мусофиркашонӣ шурӯъ менамоянд.

— Пас аз он ки ба Душанбе дар маҷмӯъ 600 автобус аз хориҷа оварда мешавад,  хизматрасонии коммуналии нақлиёти ҷамъиятӣ ба маротиб беҳтар мешавад, — афзуданд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи равон корвони мазкури автобусҳо аз ҷониби кормандони посгоҳи “Бозаргон”-и Ҷумҳурии исломии Эрон боздошта шуда буд. Пас аз ин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки амали «ҳабс»-и автобусҳои нави  мусофиркашонӣ аз тарафи гумрукчиёни Эрон заминаи сиёсӣ надошта, балки «бо мушкилоти техникӣ» рабт дорад. Баъд аз мулоқоти вазири нақлиёти кишвар  Худоёр Худоёрзода  бо муовини вазири  нақлиёти Эрон Довуди Кишоварзӣ гумрукчиёни эронӣ корвони атобусро раҳо карданд.

Ҷониби Эрон сабаби ҳабси автобусҳои Тоҷикистонро дар сарҳадаш ягон шарҳ надодааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *