Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд (аудио)
Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуд. Дар Самарқанд Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани мақоми узи комилҳуқуқи СҲШ имзо шуд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар Twitter навиштааст.
Ӯ зикр кардааст, ки санад дар бораи ба узвияти комилҳуқуқи Созмон паазируфта шудани Эронро бо дабири кулли Созмон Чжан Мин дар Самарқанд ба имзо расонидааст.
“Минбаъд мо ба марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, транзитӣ ва энергетикӣ ворид мешавем”, — таъкид доштааст Абдуллоҳиён.
Созмони ҳамкории Шанхай соли 1996 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Туркия шарики муколамаи Созмон мебошад.
То узви СҲШ шудани Ӯзбекистон дар соли 2021 созмон “Панҷгонаи Шанхай” номида мешуд. Баъдан Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ