Эрон барои баровардани шаҳрвандонаш аз Украина омода аст

Эрон эълон кардааст, ки ҳавопаймоҳои ин кишвар барои парвозҳои фавқулодда ба Украина омода ҳастанд.

Мудири кулли равобити умумии ҳавопаймоии Эрон Ҳусейни Ҷаҳонӣ имрӯз ахиран гуфтааст, ки ҳавопайпоҳои ширкати “Ҳумо” бо дарёфти иҷозатнома омода ҳастанд парвозҳои фавқулоддаро барои хориҷ намудани эрониён аз Украина ба роҳ монанд.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ки ҳеҷ парвозе бо Украина надорад, аммо барои бозгардондани эрониён аз ин кишвар дар сурати тақозо ва ихтисоси муҷавизи парвоз омодагии комил дорад.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки аз лаҳзаи шуруъ шудани вазъ дар Украина ситоди мудирят дар Вазорати умури хориҷа ташкил шуд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар тамоси телефонӣ бо Манучеҳри Муродӣ, сафири Эрон дар Киев тавсияҳои лозим дар хусуси эрониёни муқим, хусусан донишҷӯёни эронии фарогир ба таҳсил дар Украина ва зарурати ироаи хадамоти 24-соатаи сафорат ба ҳаммеҳанони муқимро муҳим донист.

Ёдрс мешавем, ки санаи 24-уми феврали соли равон Владимир Путин, президенти Русия фармони оғози амалиёти низомии тозаро дар ин кишвар барои муҳофизат аз Донбасс содир кард.

Владимир Путин ҳушдор дод, ки масъулияти ҳаргуна хунрезии эҳтимолӣ бар дӯши давлати Украина хоҳад буд.

Амалиёти вижаи низомии Русия дар манотиқи мухталифи Украина оғоз шуд ва Вазорати дифоъи Русия эълом кард, ки танҳо зерсохтҳои низомӣ ва фурудгоҳҳои Украина ҳадафи ҳамалот қарор мегирад ва шаҳрҳои ин кишвар бомбаборон нахоҳад шуд ва мардуми осоишта нигарон набошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *