Эрон дар соли 2016 ба Тоҷикистон сармоягузорӣ накард
Чин дар нӯҳ моҳи соли 2016 ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи 254,5 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки нисбат ба дигар кишварҳо пешсаф аст.
Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар зинаҳои баъдӣ Россия бо 35 миллион доллар, Британияи Кабир 26,2 миллион доллар, Америка-12,3 миллион доллар, Франсия-10,5 миллион доллар, Швейтсария8,6 миллион доллар ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳм гузоштаанд. Аммо дар ин рӯйихат номи кишвари Эрон, ки барои Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ унвон мешавад, дида намешавад.
Дар мавриди хусусигардонӣ, масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯянд, ки танҳо дар соли 2016 чанд осоишгоҳ, аз ҷумла-«Шоҳамбарӣ» ва «Зумрад» хусусӣ карда шуданд. Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси кумитаи мазкур гуфт, ки имсол хусусигардонии иншоотҳои дигари давлтатӣ, аз қабили осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм», «Тоҷиксемент» низ дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ