Эрон эътироз мекунад

Эътирози Эрон ба Тоҷикистон дар робита ба эҳтимоли даст доштани Теҳрон дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, дар Душанбе шунида шуд.

 Бархе доираҳои наздик ба мақомоти тоҷик мегӯянд, ин нота аслан зарурат надошт, зеро онҳо на Эрон, балки таҳсилдидагони он кишварро гунаҳкор карданд.Аммо бархе коршиносони мустақил мегӯянд, Тоҷикистон бо гунаҳкор кардани Эрон дар қатли сайёҳон «хати сурх»-ро убур кард ва Эрон низ наметавонист дар баробари иттиҳоми ҳамла ба шаҳрвандони Амрико ва Аврупо хомӯш бошад. Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 1-уми август сафири Тоҷикистон дар он кишвар Неъматулло Эмомзодаро даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид.Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон навишт, дар ин мулоқот ба сафири Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки додани адреси ғалат сабаби ташвиқи террористҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомоти хушунатбори худ шуда ва ба мувозоти он талошҳо барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомоти террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *