Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши технология аст

Сафири Эрон дар Душанбе гуфтаст, ки кишвараш  барои ҳамкориҳои дар бахши саноат ва технологияи ҷадид бо Тоҷикистон омода аст.

Бино ба маълумоти сомонаи Сафорати Эрон дар Душанбе, Муҳаммад Тақӣ Собирӣ зимни дидор бо Заробуддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ду кишвар метавонанд дар бахшҳои саноат, технологияи ҷадид ва барҳрабардорӣ аз захоири зерзаминӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳанд.

Чанд рӯзе қабл сафири Эрон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ карда буд.

Зимнан, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон 15 июни соли ҷорӣ ба манзури ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Гуфтугӯҳо оиди ҳамгироӣва эътимод дар Осиё вориди Душанбе шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *