Эрон Тоҷикистонро дубора кашф мекунад?

То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад аз ҷумла, дар бахши амният ба имзо расидааст.

Вебсайти президенти Тоҷикистон навиштааст,ки рӯзи 23-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири дохилаи Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ вохӯрда, дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши амниятро сӯҳбат доштанд.
Дар ин дидор зарурати татбиқи санади амниятӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидааст аз ҷониби президенти кишвар таъкид шудааст. То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад аз ҷумла, дар бахши амният ба имзо расидааст.
Вазири корҳои дохилии Эрон, рӯзи душанбеи 22- юми феврал бо даъвати вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон омад. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯзаи Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.
Эрон ва Тоҷикистон то кунун 13 нишасти Комиссияи муштараки байни ду кишварро баргузор кардаанд. Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набуд ва инак дубора беҳтар мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *