Эрон, ту куҷоӣ? Бесарнишинҳои муштараки Эрону Тоҷикистон куҷо шуданд?
Тайи чанд рӯзи охир ҳамсояи мо ғамсоя шуд. Қирғизҳо расми ҳамҷавориро зери по карда, аҳдшиканона ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Дар натиҷа, дар деҳаҳои сарҳадӣ даҳҳо нафар қурбон шуда, садҳо нафар захмӣ гардиданд. Хонаву дар, иншооти маъмуриву маишӣ ва ҳатто мактабу масҷид мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифт. Аз ин даргирӣ маълум шуд, ки неруҳои қирғиз на ба кӯдак раҳм доранд, на ба мӯйсафеди намозхон ва на ба зани ҳомила…
Албатта, неруҳои Тоҷикистон низ ба қирғиз ҷавоби дандоншикан доданд. Қирғиз дар ду ҳамлаи охир дарк кард, ки Тоҷикистон бесоҳиб нест. Шермардони диловар дорад, ки омодаанд барои Ватан ҷон диҳанд, вале як порча заминро ба қирғиз гузашт карданӣ нестанд.
Феълан марз гӯё ором аст, вале аз изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бармеояд, ки тайёраҳои бесарнишини қирғиз ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур карда, “разведка” доранд…
Банда ба худ суол медиҳам, ки ин нерӯро қирғиз аз куҷо мегирад? Ин “ҷасорат”-и ӯ аз куҷост? Чӣ дилпурӣ дорад, ки чунин белаҷом шудааст? Посух рӯшан аст, пуштибони хориҷӣ дорад! Дигар омили ҷасурии Қирғизистон “Байрактар”-и Туркия аст. Ман коршиноси масоили сиёсӣ нестам, вале гумон мекунам, ки дар пушти қирғизҳо ҳам Туркия меистад.
Ин ҷо суоле сар мезанад: Эрон ба куҷо менигарад? Чаро дар ин рӯзи душвор ба ҳамзабони худ Тоҷикистон кумак намекунад? Чаро тайёраи бесарнишин намедиҳад ба Тоҷикистон? Магар коргоҳи истеҳсоли бесарнишин бунёд накард дар кишвари мо? Тайёраи муштараки Тоҷикистону Эрон куҷост? Чаро то имрӯз Эрон мавқеи худро равшан накардааст?
Саидакрам НАБИЗОДА, нафақагир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ