Эрониро барои пинҳон кардани яроқ дар Душанбе дастгир  карданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки як шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эронро бо иттиҳоми пинҳон кардани силоҳ дар Душанбе боздошт намудааст.

Шоми 5-уми декабр телевизиони Тоҷикистон гузориши видеоии Кумитаи давлатии амнияти миллиро нашр кард. Дар ин гузориш Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ, шаҳрванди Эрон ба он муттаҳам мешавад, ки гуё бо Миршакар Зоҳидов, сокини шаҳри Душанбе, соли 2013 дар манзили зисти Баҳрулло Неъматови 40-сола як автомати Калашников бо ду тирдону 57 дона тир ва як таппончаи тамғаи “Макаров” бо се тирдону 13 тирро пинҳон кардааст.

Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ва Баҳрулло Неъматов дар боздошт қарор дошта, Миршакар Зоҳидов таҳти ҷустуҷӯст. Дар шарҳи боздошти шаҳрванди Эрон гуфта мешавад, “гурӯҳҳои манфиатдор аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ дастгирии молиявӣ ёфта, мақсадҳои ҷиноятии худро амалӣ мекунанд”.

Муҳаммад Абдӣ дар ин гузориши видеоӣ иқрор мешавад, ки силоҳҳоро аз Миршакар гирифтааст, вале шарҳ намедиҳад, ки бо кадом мақсад. Баҳрулло Неъматов низ дар як сӯҳбати кутоҳ мегӯяд, ки “солҳои 1995 муҳофизи Мулло Қосим гуфтанӣ шахс аз шаҳри Ваҳдат буда, узви ҲНИТ аст”.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ғайриқонунӣ пинҳон кардани силоҳ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *