Эшони Қиёмиддин: Мардум маро бубахшед!

Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонӣ ва воизи маъруф, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст, Эронро ба ҳимоят аз Ҳизби Наҳзати исломӣ муттаҳам кард.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз моҳи ноябри соли 2017 дар боздошт аст ва моҳи майи имсол ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ӯ баъди чаҳор рӯзи дар ҳолати кома ё беҳушӣ будан, ба худ омадааст ва зери назорати пизишкон аст.Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар навори видеоӣ дар маҷмуъ дар бораи ҳадафҳои таъсиси Ҳизби Наҳзат (дар Тоҷикистон мамнӯъ) , созиши сулҳ, ҷанг дар Тоҷикистон, пули Эрону таблиғи шиагароӣ ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 суҳбат кард. Вай аз ҷумла гуфт, дар як ҷаласае тасмим гирифта шуда буд, ки бояд то соли 2015 ҲНИТ дар кишвар ҳизби ҳоким шавад.Ӯ Ҳизби Наҳзати исломиро “хиёнаткору зараровар” номид ва гуфт, “бояд ин ҳарфҳоро дигарон ҳам донанд”. Саид Қиёмиддини Ғозӣ афзуд, ки Эрон мехоҳад ҲНИТ-ро дубора зинда кунад. “Хоҷаҳои ҲНИТ талош доштанд як табадулотро дар интихоботи соли 2020 роҳандозӣ кунанд”, — гуфт Саид Қиёмиддини Ғозӣ.Ӯ аз сокинон хост, хатои кардаашро такрор накунанд ва аз мардум узр пурсид. Саид Қиёмиддини Ғозӣ тахминан 15 соли охир  бештар дар хориҷи Тоҷикистон, дар Русияву Эрон мезист. Ба иттилои дигар, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорат ҳам дошт.Суди  олии Тоҷикистон моҳи майи имсол Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ», «хиёнат ба давлат» ва «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ» гунаҳгор донист. Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *