Эшони лимузинсавор ва “чойгаштаки” мухолифон дар Полша

Ҳафтаи гузашта дар Варшава, пойтахти Полша (Лаҳистон) чанд тӯйи пурдабдабаи тоҷикҳои муқими Аврупо баргузор шуд, ки бо шаҳомати худ мардуми маҳаллиро ба ҳайрат овард. Рӯзи 19 июн Абдусаттор Бобоев, маъруф ба Эшони Абдусаттор, раҳбари Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,писарашро хонадор кард ва ҳамзамон духтарашро ба шавҳар дод. Рӯзи 20 июн Фирӯзи Маҳмадалӣ, писари сиёсатмадори зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаит низ дар Варшава издивоҷ кард.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта бисёре аз роҳбарони умдаи оппозитсияи тоҷик(аз рӯи гуфтаҳо, 300 нафар меҳмон) дар Аврупо барои иштирок дар ин тӯйҳо ба Варшава рехта буданд. Аз ҷумла раиси Паймони милллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик, (дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҳамроҳи 5 фарзанд ва дигар аъзои хонаводааш ба табрики фарзандони Эшони Абдусаттор ва Фирӯзи Маҳмадалӣ ба пойтахти Лаҳистон омада будаанд.
Як блогери тоҷик , ки аз тӯйи фарзандони Эшони Абдусаттор дар Интернет навор нашр кард, дида мешавад, ки ӯ барои писару духтараш тӯйи пуршукӯҳе барпо карда, аз ҷумла барои шаҳу арӯс як лимузини сафеди дарозиаш 12 метр киро кардааст. Меҳмонони тоҷики ин маърака дар ҷараёни тӯй домодро ҳамакаса болои дастҳо бардошта, ба ҳаво мепартоянд ва барои пояндози домод низ хеле кашокаш мекунанд. Аммо маълум, ки ҳамаи ин шукуҳу шаҳомат дар мулки бегона аз куҷост. Ин тоифа дар кишвари бегона аз ҳисоби туҳмату дуруғбофиҳо нисбати Ватани собиқи худ пайса ба даст оварда, фарзандони худро ба лимузини 12 метра савор мекунанду худро “оппозитсия” меноманд ва худро бечораю дар ба дар вонамуд мекунанд. Савол ин аст, ки вақте, ки мардуми заҳматкаши тоҷик бо муҳоҷирату бо меҳнат дар Ватан Тоҷикистонро обод мекунанд, ин “оппозитсияи” лимузинсаворро Ватан мебахшида бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *