Эшони Муқтадо вафот кард
Рӯҳонӣ ва табиби мардумии шинохта Эшони Муқтадо, писари Эшони Порсохоҷа ва набераи Эшони Малиҳ, шаби 10 январ, соати 22:30 дар синни 63 бар асари саратони мағзи сар аз олам чашм пӯшид.
Ба гуфтаи наздиконаш, намози ҷанозаи Эшони Муқтадо шояд рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мешавад. Эшони Муқтадо зодаи Аскалони Ғарм буд, вале аксари умраш дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати Узун гузаштааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯро дар Узун ба хок месупоранд ваё дар паҳлуи падару бобояш дар зодгоҳи аҷдодиашон – Аскалони Ғарм.Наздикони Эшони Муқтадо мегӯянд, ки ӯ аз саратони мағзи сар ранҷ мекашид ва як сол пеш аз ҳамин иллат дар бемористони Қарияи боло ҷарроҳӣ шуда буд. Аммо шаби 10 январ маризӣ билохира корашро кард ва ин рӯҳонӣ ва табиби маъруфро дар синни пайғамбарӣ, яъне 63-солагӣ аз дунё бурд.Эшони Муқтадо соли 1955 ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Эшони Порсохоҷа ва набераи Эшони Малиҳ, ду рӯҳонии маъруфи Ғарм буд. Ҳам падар ва ҳам бобои Эшони Муқтадо мисли худи ӯ ҳам рӯҳонӣ ва ҳам табиби мардумӣ буданд ва ҳарду дар деҳаи Аскалони Ғарм ба хок супурда шудаанд.Ба гуфтаи наздикони Эшони Муқтадо, намози ҷанозаи ӯ шояд рӯзи ҷумъа, 11 январ дар масҷиди ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шавад, вале ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ӯро дар ҳамин ҷо дар Узун ба хок бисупоранд ваё дар паҳлуи падару бобояш дар Аскалони Ғарм.Эшони Муқтадо аксари умрашро дар ноҳияи Балхӣ (собиқ Ворошиловобод ва Колхозобод) гузарондааст ва ҳамчун табиби мардумӣ дар водии Вахш машҳур буд. Корафтодагон аз дигар минтақаҳои кишвар низ садҳо километрро тай карда, бо нияти шифо ба пеши ӯ ба Узун меомаданд.Аз Эшони Муқтадо 8 фарзанд – се писар ва панҷ духтар боқӣ монд.
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ