Эстакадаи Қарияи Боло то охири сол ба истифода дода мешавад

Эстакадаи  сесатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат, то охири соли равон ба истифода дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  иттилоъ дода шуд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки тибқи  нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд ду сол идома меёфт, вале Сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд.

Ҳамаи корҳо ва супоришҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дода шуданд, иҷро гардиданд, — гуфт мавсуф ва илова намуд: «Аз ҷумла, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад».

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт,  бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин  ба меъёрҳои  ҷаҳонӣ мутобиқ намудани  онҳо бунёди эстакадаҳои  сесатҳа  (роҳҳои болои ҳам)-ро  дар  шаҳр   ба  роҳ мондааст.

Аз ҷумла, 5 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими   ифтитоҳи расмии аввалин эстакадаи сеқабата дар мамлакат иштирок намуданд. Ин далели таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар ин самт ва аз ҷониби дигар, қадами муҳиме дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии ҳукумати мамлакат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Сохтмони  эстакадаи сесатҳаи мазкур дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин эстакада аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад.

Ёдовар мешавем, ки то соли 2040, яъне дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе  дар пойтахти мамлакат 20 адад  чунин чорроҳаҳои сесатҳа сохта мешаванд.

Бознашр аз сомонаи «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *