Этикети тоҷикӣ.Чаро дар ТВ «Сафина» риоя намешавад?

Гоҳ-гоҳ барномаи «Фазо»-и Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»-ро тамошо мекунам. Аслан барномаи «Фазо»-ро ду нафар ҷавон бо навбат (дар алоҳидагӣ) барандагӣ мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар вақти муаррифии меҳмонон аз ҷониби барандаҳо аз ҷиҳати этикети мардуми тоҷик андаке  ноқисӣ рух медиҳад.

Ба қарибӣ дар барнома шоираи хушкалом Робиаи Холмирзо ва Фахриддин ном сарояндаи ҷавон бо аъзои гурӯҳаш даъватӣ буданд. Баранда аввал Фахриддини ҷавонро, ки акнун дар ҷодаи санъат қадам мегузорад, муаррифӣ намуд, баъд ба муаррифии Робиа, ки аъзои Иттифоқи нависандагон аст ва соҳиби чандин китоб буда, мухлиси зиёд  дорад, пардохт. Хоҳ-нохоҳ чунин муносибат бо меҳмонон тамошобини андаке ба этикети миллати тоҷик огоҳро ба ғазаб меорад.

Чанде пеш чунин муносибатро дар нашри дигари барномаи «Фазо» мушоҳида намудам. Дар барнома устод Аскар Ҳаким бо як нафар сароянда даъватӣ буданд. Баранда аввал сарояндаро муаррифӣ намуд. Баъд ба муаррифии Аскар Ҳаким гузашт. Устод Аскар Ҳаким дар бунёди сохти ҷомеаи нав бо қудрати қалам ва неру  саҳми бузурге гузоштаанд. Устодро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷа низ мешиносанд. Дар даврони  Шӯравӣ чандин китоби он кас ба забони русӣ дар Маскав чоп шудааст. Бояд барандаи барномаи «Фазо» аз ҷиҳати этика аввал он касро муаррифӣ менамуд, баъд ба муаррифии сароянда мегузашт.

Убайд Раҷаб

Як нақлро, ки аз Азизи Азиз аз тариқи барномаи телевизиони «Баҳористон» шунидам, ҳеч аз хотирам дур намешавад. Адибони кӯдакон Гулчеҳра Сулаймонова, Убайд Раҷаб, Азизи Азиз… дар зодгоҳи Мирзо Турсунзода дар чорабиние ширкат меварзанд. Баранда, ки намояндаи худи ноҳия буд, баъди оғоз ёфтани чорабинӣ ба ситоиши устод Убайд Раҷаб мегузарад ва сухани аввалинро ба он кас медиҳад. Устод Убайд Раҷаб аз хатоии баранда сурху сафед мешаванд ва ба ҷои узр хостан ба ҷониби муаллима Гулчеҳра Сулаймонова менигаранд, баъд ба минбар мебароянд. Аввалин сухани он кас дар минбар қироати шеъри Гулчеҳра Сулаймонова «Бибиҷонам меояд» буд. Кӯдакон, ки дар ин ҷо ҳузур доштанд ва шеърро пурра аз ёд медонистанд, баробари устод ба қироат мепардозанд. Баъд устод Убайд Раҷаб аз бачаҳо пурсон мешаванд: «Медонед, ин шеърро кӣ навиштааст?» Бачаҳо ҷавоб медиҳанд: «Бале, шоира Гулчеҳра Сулаймонова!» Устод Убайд Раҷаб дар ҷавоб мегӯянд: «Агар донед, бибиятон дар ҳамин ҷо. Аввал бибиятон сухан мегӯянд, баъд навбат ба мо мерасад». Устод Убайд Раҷаб бо як муносибати ширин хатоии барандаро ислоҳ мекунанд ва суханро ба Гулчеҳра Сулаймонова медиҳанд.

Сӯҳбат дар барномаи телевизионӣ ин як чорабинии маҳаллӣ нест, ки хатоии барандаро монанди устод Убайд Раҷаб зуд ва нозукона ислоҳ намоӣ. Вақте ки барнома дар телевизион рафт, дигар ислоҳ намешавад. Як хунукназарии баранда хоҳ-нохоҳ ба дили тамошобин, агар вай ба этикети пурғановати миллати тоҷик огоҳ бошад, сахт мерасад. Ман орзу мекунам, ки барандаҳо ба чунин хатоиҳо, агар дар назар ночиз ҳам тобад, дигар роҳ намедиҳанд.  

Ҳамроҳи  АВЛИЁПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *