Эътирозҳо дар Ереван

Рӯзи 28-уми январ чандин ҳазор сокини Арманистон ба нишони эътироз дар назди бинои ҳукумати марказӣ таҷаммӯъ карданд ва бо полис даргир шуданд.

Дар Арманистон полис 21 ширкатдори намоишҳои эътирозиро боздошт кард, ки бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян барои шеваи хатми ҷанги шашҳафтаина бо Озарбойҷон ба хиёбонҳо баромада буданд. Рӯзи 28-уми январ чандин ҳазор сокини Арманистон ба нишони эътироз дар назди бинои ҳукумати марказӣ таҷаммӯъ карданд ва бархе бо полис даргир шуданд. Пашинян гуфт, ки ба истеъфо намеравад, вале ишора кард, ки имкони баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат вуҷуд дорад. Пашинян дар авҷи эътирозҳои мардумӣ алайҳи ҳукумат соли 2018 сари кор омад, вале баъди ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва созиши 10-уми ноябр бо Озарбойҷон барои хатми ин ҷангу мағлубияти нирӯҳои арманитабор дар ин минтақаи ҷудоиталаб таҳти фишор ва интиқодҳои шадиди ҳамватанонаш қарор гирифт. Эътилофи иборат аз 16 ҳизби сиёсии мухолифин дар Ереван даст ба эътирозҳо зада, талош дорад Пашинянро водор кунанд, ки қудратро ба дасти ҳукумати муваққатӣ бисупорад. Ҳизби «Иқдоми ман»-и Пашинян дар парлумон аксариятро ташкил медиҳад.
Бар асоси созише бо миёнҷигии Маскав, баъди 30 соли бурузи аввалин ҷангҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ, қарор шуд, ки арманитаборҳо аз қаламравҳои собиқ озаринишини минтақа берун шуда, инчунин ҳафт ноҳияи атрофи ин минтақаи ҷудоиталаб ҳам зери назари Боку гузарад. Қаробоғи Кӯҳиро аксар кишварҳои ҷаҳон бахше аз қаламрави Озарбойҷон эътироф мекунанд, вале аксар арманитаборҳои сокини он давоми даҳсолаҳо ҳукумати марказии Бокуро эътироф намекунанд. Баъди ҷангҳои солҳои 1994-ум дар минтақа бо пуштибонии Арманистон маъмурияти худӣ амал мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *