Эътироз барои кандани пайкараи Криштиану Роналду

Дар штати Гоаи Ҳиндустон мардум ба эътироз баромаданд, ки пайкараи футболбози номдори ҷаҳон, ҳамлавари бошгоҳи Португалия ва тими МЮ — Криштиану Роналдуро аз шаҳрашон нест кунанд.

Сабаби ин ҳама эътирозҳои мардум ин тақдири штати Гоа мебошад, ки аз соли 1510 ин штат дар тасаруфи Портулагия буд ва ҳамагӣ 60 сол пеш дар ҳайати Ҳиндустон мустақилият ба даст овард. Аз ин лиҳоз, Гоагиҳо бо парчами сиёҳ ба кӯчаҳо баромаданд ва аз он ки пайкараи як португалӣ дар шаҳрашон меистад, норозигӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки масъулини шаҳрдорӣ барои он пайкараи роналдуро дар шаҳрашон гузоштанд, ки барои ҷавонон он намунаи ибрат бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *