Эътироз дар Ӯзбекистон
Шоҳидон гуфтанд, шаҳрдорӣ бо ҳудуди 20 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳро тоза карда, 3 занро аз шумори эътирозгарон ба идораи пулис бурд.
Қариб 200 сокини маҳаллаи «Буюк Турон»-и шаҳри Қаршии Узбекистон ба тасмими мақомот дар бораи буридани дарахтон эътироз карданд. Сокинон субҳи 13-уми январ бо истифода аз дарахтҳои буридашуда роҳи мошингардро бастанд.
Сокинон аз он норозианд, ки мақомот мехоҳанд 12 га дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро ба хотири бунёди корхона аз байн баранд.
Шоҳидон гуфтанд, шаҳрдорӣ бо ҳудуди 20 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳро тоза карда, 3 занро аз шумори эътирозгарон ба идораи пулис бурд.
Кормандони пулис бо сокинони маҳаллӣ дағалӣ кардаанд.
Дар 12 га замин, ки 30 соли пеш ба ихтиёри сокинони маҳаллӣ дода шуда буд, бештар аз 100 ҳазор дарахт шинонда шудааст. Аз ҳисоби ин дарахтон сокинони маҳаллӣ харҷи рӯзгорашонро таъмин мекарданд.
«Спутник»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ