Эътирозҳо дар Ироқ: беш аз 20 кас кушта шуд

Дар эътирозҳои зиддиҳукуматии Ироқ дасти кам 21 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ба иттилои хабаргузории Associated Press, дар миёни кушташудаҳо кормандони пулис низ ҳастанд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз аслиҳа ва гази ашковар истифода бурданд. Мақомоти Ироқ дастрасӣ ба Интернетро дар 75 дарсади қаламрави ин кишвар маҳдуд карданд.

Эътирозҳои оммавӣ дар пойтахти Ироқ, шаҳри Бағдод ва чанде аз шаҳрҳои дигар 1 октябр шуруъ шуд. Сокинон зидди фасодкорӣ, бекорӣ ва сатҳи пасти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла қатъи барқ ва норасоии об эътироз доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон ҳамчунин талаб доранд, ки ҳукумат ба истеъфо равад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *