Эътирозгарон ҷарима ва озод шуданд

Ба иттилои созмони “ОВД-инфо” дар Русия онҳоеоро,ки рузи ҷумъа дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав эътироз карда буданд, ба майдаавбошӣ муттаҳам шудаанд, ҷарима баста, озод кардаанд. Онҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии шуъбаҳои корҳои дохилаи ноҳияҳои Можайски, Тсаритсино, Гловинский, Нагорний нигаҳдорӣ мешуданд.
Аз тақрибан 200 нафаре, ки рӯзи ҷумъа 2-уми апрел боздошт шуданд, аксариятро 5 ҳазор рублӣ ҷарима баста ва озод кардаанд..
«ОВД инфо», яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Русия, ки доир ба дастгиршудагони эътирозҳо маълумот ҷамъ мекунад, рӯзи 3-уми апрел хабар додааст, ки дар умум бештар аз 100 нафарро дастгир кардаанд ва то шоми ҳамин рӯз ҳамаи онҳоро ба истиснои як нафар ҷавоб додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *