Эътирози Кобул ба Ӯзбекистон нисбати қабули ҳайати Толибон
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон зимни як баёния ба шеваи қабули ҳайати Ҷунбиши Толибон дар Тошканд эътироз кардааст.
Сибғатулло Аҳмадӣ, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки ин иқдоми Ӯзбекистон намоишгари он аст, ки “Тошканд дар кумак ба Кобул дар ҳалли қазияи Афғонистон алоқаманд нест”.
Вай гуфтааст, ки ба нақши калидии ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар раванди музокирот эҳтиром гузошта шавад.
Рӯзи 8 август дар шаҳри Тошканд Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳайати дафтари сиёсии Толибон дар шаҳри Доҳаи Қатарро ба ҳузур пазируфт.
Ҳаракати «Толибон» аз пешниҳоди баргузории даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар шаҳри Самарқанд истиқбол кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ