Эътирози навбатӣ дар назди бинои САҲА

Яке аз иштироккунандагони ин раҳпаймоӣ ба сомонаи «Ахбор” гуфт, онҳо ду соат – аз соати 14 то 16 дар назди бинои дафтари САҲА дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе истоданд, вале касе аз намояндагони ин созмон онҳоро қабул накарда ва касе пеши онҳо набаромад.

Ӯ мегӯяд: «Танҳо дарбони дафтари САҲА ба ҷавонони ҷамъшуда гуфт, ки аксари кормандон дар сафарҳои хидматӣ дар хориҷа қарор доранд ва кормандони боқимонда хоҳиш ё салоҳияти қабул ва суҳбат бо эътирозгаронро надорад.”

Иштироккунандаи дигар гуфт, онҳо ҳудуди 20 нафар ва аксар донишҷӯ буданд: «Вале аз як донишгоҳ набуданд, чунки якдигарро намешинохтанд. Онҷо ягон шиори умумӣ набуд. Фақат: Нест бод терроризм! Талаби мо ҳам қатъи фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон буд.”

Гирдиҳамомадагон бо худ шиор надоштанд ва касе аз онҳо низ дар назди дафтари САҲА суханронӣ накардааст. Танҳо яке аз онҳо бо дарбони САҲА каме баҳс карда, гуфтааст, ки ин созмон аз фаъолияти «гуруҳҳои террористии зидди ҳукумати Тоҷикистон” пуштибонӣ мекунад ва ба ин далел, бояд фаъолияташ дар Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *