Эътирозот дар Эрон: Беш аз 100 кушта
Бар асоси маълумоти ғайрирасмӣ, дар ҷараёни тазоҳуроти густарда дар Эрон дар эътирозот ба 3 баробар афзоиш ёфтани нархи сӯзишворӣ дар 20 шаҳри ин кишвар 104 нафар ҷон бохтаанд.
Дар рӯзи шанбе, 16 ноябр , дар дуюмин рӯзи оғози тазоҳурот хадамоти Интернет дар Эрон аз ҷониби давлат маҳдуд ва ё комилан қатъ гардид ва дарёфти иттилоот дар мавриди ҳаводиси ин кишвар дар дохил ва хориҷ душвор шуд.
Ин вазъият тамос ё алоқаи эрониёни муқими кишварҳои хориҷиро бо пайвандонашон дар Эрон номумкин сохтаааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон эълон карданд, ки тавонистаанд тазоҳуроти эътирозии сокинонро дар шаҳрҳои ин кишвар фурӯ нишонанданд.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 20 ноябр гуфт, ки бар асоси гузоришҳои Вазорати дохилӣ теъдоди эътирозгарон коҳиш ёфтааст, аммо дар мавриди рақами эътирозгарон маълумоте надод.
Ҳамчунин, то ҳол давлати Эрон дар бораи шумори кушташудагон, захмиён ва боздоштшудаҳо маълумоти расмӣ пахш накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ