Евгений Евтушенко даргузашт

Шоири рус Евгений Евтушенко, ки ахиран дар ҳолати вазнин дар яке аз беморхонаҳои ИМА бистарӣ шуд, дар синни 85-солагӣ даргузашт. Соли 2015 қалби шоирро ҷарроҳӣ ва соли 2013 як пояшро қатъ карда буданд.

Евтушенко муаллифи беш 150 китоб аст, ки бо забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Ӯ ҳамчун шоир, филмноманавис, ҳунарманд ва коргардон машҳур буд. Соли 1963 номи Евтушенкоро барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешниҳод карда буданд.

Шоири рус соли 1991 ҳамроҳи хонаводааш ба ИМА кӯч баста, дар донишгоҳи шаҳри Талса дарс медод. Ӯ то ҳол дар ин шаҳр зиндагӣ карда, пайваста аз Русия боздид мекард.

Ба иттилои ТАСС, Евтушенко васият кардааст, ки ӯро дар канори Борис Пастернак дар деҳаи нависандагони Переделкинои вилояти Москва дафн кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *