Ф. Раҳимӣ: Лоҳутӣ ба ЮНЕСКО меравад

Фарҳод Раҳимӣ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш гуфт, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон таҷлили 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ шоири инқилобии тоҷикро ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.

Ин нуктаро Раҳимӣ дар робита ба саволи хабарнигори tajikistantimes.tj оид ба нашри куллиёти Лоҳутӣ ки аз солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, иброз намуд.

Номбурда қайд кард, ки Куллиёти Лоҳутӣ дар 7 ҷилд аз ҷониби кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ба чоп омода шуда,  ба қариби ду ҷилди нави он дастраси хонандагон хоҳад шуд.

Ҳамчунин Раҳимӣ гуфт, ки куллиёти Саджриддин Айнӣ ҳам дар ҳоли коркарду таҳия қарор дорад ва солҳои оянда ба таври мукаммал интишор мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *