Фаҳшсароӣ. Чаро дар адабиёти тоҷик зиёд шуд?

Ман яке аз дӯстдорони адабиёти ҷаҳон ҳастам. Қариб ҳама рӯз ба сойтҳои адабиёти ҷаҳон ҷустуҷӯ меравам, мехонам. Хусусан ашъори адибаҳои ҷаҳонро хеле мехонам.

Дирӯз мушоҳида кардам, шоираҳои рус, ки садҳо нафаранд, ашъори ошиқонаро хеле зебо ва паси пардаҳои ҳарир мегӯянд. Ва мутаассифона мо ашъори фаҳш зиёд дорем. Нисбат ба як шеъри латифу муаддаби ошиқона шеъре бештар мавриди ҳоюҳу ва балегӯӣ қарор мегирад, ки пардаҳоро барҳам задаву урён бошад. Калимоти аҳриманӣ ҳам дар шеърҳои мо кам нест. Вақте адабиёт адаб аст, маълум мешавад қонуни адабиётро шикастаем. Хусусан дар “Фейсбук” ашъори белибоси ошиқона зиёд аст, ки мухлисонаш ҳам зиёд аст. Вақте як одам бидуни либос кӯча равад, албатта тамошобинаш зиёд мешавад ва шеъри урён ҳам бадтар аз он аст... Албатта шоирон шояд медонанд, ки ин гуна шеърҳо истиқболи зиёд мешавад. Ман ҳам дорам ашъори ошиқонае, ки шояд байте ё мисрае аз ҳад гузашта бошад, ки ҳатман аз баҳраш хоҳам гузашт. Рэперҳо, блогерҳо шояд ба шоирон таъсир карданд. Ё шояд хостем замонавӣ бошем, шеърро ба ин роҳ нав кунем. Шояд мафтуни лайкҳои зиёди хонандагон шудем. Аммо фикр мекунам, бояд эътидоли зебоии одоби шеър нигаҳ дошта шавад ва қонуни пардаҳои ҳарири зеборо аз байн набарем…

Ман намегӯям, ки ман ин гуна шеър надорам, аммо аз баҳраш хоҳам гузашт. Баъдан мебинам, ки аз шоирони мард дида хонумҳо ҳассостарем дар гуфтани ин гуна шеърҳо. Шояд дар зиндагӣ чунин ҳарфҳо нест, аммо дар шеър ҳам набошад, беҳтар аст. Инро аввало барои худам мегӯям. Аммо ҳастанд шоираҳое, ки агар ин мавзуъ аз ашъорашон хориҷ шавад, ҳеҷ мавзӯи дигари шеър надоранд…

Хонандагони мо духтаракони ҷавон ҳам ҳастанд, ки набояд фаромӯш кунем…

Адибаи ХУҶАНДӢ, шоир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *