Фақат дар синаам меҳри ту дорам
Нахустин дафтари ашъораш ҳам таҳти унвони “Дарёи илҳом” рӯйи чоп омадааст.
Шириншоҳи Раззоқ зодаи деҳаи Мазори Шариф – зодгоҳи устод Лоиқ Шералӣ аст.
Аз кӯдакӣ шефтаи сеҳри сухан шуда, қалам ба даст гирифт ва ҳоло навсафари ҷодаи эҷод аст.
Нахустин дафтари ашъораш ҳам таҳти унвони “Дарёи илҳом” рӯйи чоп омадааст.
Интизорӣ
Аё ҷонам туро ман интизорам,
Ҳамеша аз ғами ту дилфигорам.
Надорам молу мулки ин ҷаҳонро,
Фақат дар синаам меҳри ту дорам.
Гила
Будам шоҳу маро дарвеш кардӣ,
Ки рафтиву диламро реш кардӣ.
Ситам кардӣ ба ёронат, валекин,
Ба ман ҷоно аз онҳо беш кардӣ.
Ғами ёр
Ғами ёре маро обу адо кард,
Дар он як кӯчаи ишқаш гадо кард.
Чӣ гӯям ин замон мурғи дили ман,
Чаро берун шуду азми ҳаво кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ