Фаҳима Содиқ (Таҳмурӣ) — Самарқанд
Нола
Нолае аз паси девори ватан,
Мерасад боз ба гўш.
Вой, к-ин нолаи ҳамҷинси ман аст,
Нолаи бевазан аст.
Нолаи як зани бечораи афғони ғамин,
Ки кунад мўя чунин,
Ки раҳонад моро?
З-ин қафас – з-ин зиндон.
Охар атфоли ятим ҳама нон мехоҳанд,
Нон аз ин хаста равон мехоҳанд,
Ноз аз ин модарари дармондаашон мехоҳанд.
Ва маро нест иҷозат, ки кунам муздурӣ,
Ва бигирам музде,
Бихарам ноне чанд.
Баҳри тифлони ятим, эй вой,
Ин садо рафт ба гўши ҳамаи халқи ҷаҳон,
Ҳама мардону занон.
Шудаанд омода,
К-аз қафас мурғи зимистонзадаро,
Боз озод кунанд.
Баҳри ў – баҳри занон,
Коре эҷод кунанд.
Дили атфоли падармурда, кунун шод кунанд,
Нолае аз паси девори ватан,
Мерасад боз ба гўш,
Вой к-ин нолаи ҳамҷинси ман аст,
Нолаи бевазан аст.
***
Хуршеди иқш
Обод бош эй ишқи ман, к-андар раҳат вайрон шудам,
То ганҷи ту пинҳон кунам, вайронаат ин сон шудам.
Дар осмони чашми ту, ман дидаам хуршеди ишқ,
Равшандилу равшанзамир, аз нури он чашмон шудам.
Аз бас кашидам интизор, баҳри ту ман лайлу наҳор,
Чун дидамат рафтам зи худ, бар ҷилваат ҳайрон шудам.
Бангар, ки менолад дилам, чун булбул аз савдои гул,
Дар боғи ишқи ту кунун, аз сӯзи дил нолон шудам.
Андар саботи ишқ ту, гар ҷон фишонам месазад,
Дар роҳат эй дилдори ман, ҳам бедилу беҷон шудам.
***
Шукӯҳ
Аз ҳад гузашту дард ба дармон намерасад,
Бар лаб расид ҷону ба ҷонон намерасад.
Беҳуда аз чӣ нола кунам ҳамчу най зи ҳиҷр,
Фарёди ман ба ҳеҷ найистон намерасад.
Лайлои ишқам ар чӣ ҷунунам насиб гашт,
Дардо, ки ин ҷунун ба биёбон намерасад.
Аз ҷаврс даҳр бар сару бар сина чун занам?
Дасте ба сина, по ба гиребон намерасад.
Гар аз шикасти толеъи худ шиквае кунам,
Ин шикваам ба гӯши ту, эй ҷон намерасад.
Ту аз «сабот»ғи ишқ ман огаҳ куҷо шавӣ?
То бесуботи ту, оҳ! Ба поён намерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ