Фақирони Тоҷикистон кам шуданд, аммо аксар дар деҳотанд

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2003 то соли 2015 сатҳи фақр дар Тоҷикистон аз 73% то 31% поин омадааст.

Ин ниҳоди молӣ дар гузориши тозаи худ мегӯяд, фақр кам, аммо сатҳи он ҳамоно баланд ва ноустувор боқӣ мондааст.
Дар ин гузориш, ки дар доираи стратегияи нави ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таҳия шудааст, гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ хати фақрро 3 доллару 10 сент барои як рӯзи хароҷоти як нафар муқаррар кардааст. Ба ин тартиб, хароҷоти онҳое, ки камтар аз ин нишондодро дар бар мегирад, фақир ба ҳисоб мераванд ва онҳое, ки дар рӯз камтар аз 1 доллару 10 сент харҷ доранд, зери хати фақр унвон мешаванд.

Бино бар иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 13 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ доранд ва аз соли 2009 ба ин тараф нишондоди мазкур тақрибан тағйир наёфтааст. Дар ҳамин ҳол, 81% аҳолии фақир дар деҳот ба сар мебарад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, шумори нодорон сол аз сол кам мешавад. «Сатҳи фақирон ҳамасола 1% кам мешавад. Барои мисол, соли гузашта сатҳи нодорон 0,7 фоиз кам шуда, ҳоло 31,3 фоизро ташкил медиҳад», — гуфт Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори иҷтимоӣ ва демографии Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Бино бар баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2014 даромади асосии аксари хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон буд. Аммо бо фаро расидани буҳрон дар Русия, даромади бисёре аз хонаводаҳои тоҷик кам шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *