Фахриддини «Арабшо»-ро мурдакӯб карданд?

 

-Акои Фахриддин, тинљӣ аст, салом додам,  ҷавоб надодед. Ба фикрам шумо ҳам мисли баъзе ҳунармандон ба касалии «ситорамания» гирифтор шудаед, дигар назаратон замину осмонро намегирад…

-Додарҷон мебахшӣ, нашунидаам. Ҳамааш айби саросемагӣ….

-Ба куҷо ин қадар шитоб доред, ки чашматон дигар касеро намебинаду гӯшатон чизеро намешунавад?

-Идораи «Оила»-ро мекобам, додар. Шикояткунӣ омадам.

-Ман корманди «Оила» ҳастам. Хӯш, канӣ гап занед, кадом шамолҳо шуморо ба тарафи мо парронд? Сару рӯятон сиёҳу кабуд, ба фикрам боз ягон клип ё саҳнаи аҷоиб тайёр карда истодаед-а?!

-Шумо гумон мекунед, ки ман худам сару рӯямро сиёҳу кабуд кардаам?!

-О ҳа-дия, дигар кӣ мешуд?

-Хато мекунед дӯстам, хато мекунед! Маро заданд!

-Шуморо заданд?! Эй биёед монед, медонам, ки шумо ҳаҷвнигор ҳастед, вале…

-Бе шӯхӣ мегӯям, маро заданд.

-Кӣ зад?

-Як гурӯҳ бачаҳо. Ба қавли русҳо «талпавой» шуда, мурдакӯб карданд.

-Сарояндаҳоро камтар масхара кунед, он гоҳ шуморо намезананд.

-Не, ин дафъа барои тақлид не, барои тарафи як сарояндаи номдорро гирифтанам шатта хӯрдам.

-О ба ҳар ош қатиқ нашавед-дия!

-Қатиқ намешудаму лекин виҷдонам набардошт, ки як санъаткорро туҳмат кунанду ман хомӯш шинам. Дар ҳаққи он ситора гапҳои дурӯғи бисёре гуфтанд, тоқатам тоқ шуд, чанг зада, аз гиребони яктоашон гирифтам. Нав як мушт зада будам, ки якбора борони мушту лагад ба сару рӯям борид. Дигар чӣ шуд, дар ёдам нест. Як вақт чашмонамро кушода бинам,  мошини «Ёрии таъҷилӣ» омадааст. Болои сарам пур аз тамошобинони ҳангоматалабу духтур ба ман сӯзандору гузаронида истодааст…

-Худро Рембо нишон додан хостед, вале…

-Ҳа, ҷангу ҷанҷол кори мо, санъаткорон набудааст.

-Милисаҳо чӣ мегӯянд? Гунаҳкорон ҷазо мегиранд ё не?

-Ман ҳаволаи он муштзӯронро ба Худо супурдам. Дар ҳамин моҳи шарифи рамазон, ки ба сари як бандаи бегуноҳ даст бардоштанд, бигзор худованд ҷазояшонро диҳад.

-Хайр, ҳеҷ гап не, захмҳоятон чандон хатарнок наменамоянд, ба қавли русҳо «до свадьбы заживёт…»

-Эй свадбаи ман кайҳо гузашт! Мо падари ду фарзанд шудему ин кас  то ҳол бо умеди тӯй нишастаанд.

-Ин фақат як мақоли русӣ буд, дар омади гап ман онро ба ёд овардам. Медонам, ки шумо оиладоред, вале ростӣ, аз фарзанд доштанатон хабар надоштам. Шербачаҳо аз пайи падар мераванд ё шавқашон ба чизи дигар аст?

-Ман як духтару як писар дорам-Абӯбакр ва Шукрона. Азбаски ҳоло хурд ҳастанд, дар бораи он ки дар оянда санъаткор мешаванд ё не, чизе гуфтан душвор аст. Аслан, барои ман фарқ надорад, ки фарзандонам ба камол расида кӣ мешаванд, муҳимаш, сиҳату саломат, ростқавл, меҳрубон ва бофаросат бошанду ба маънии томаш одам шаванд.

-Дар ҷодаи эҷод чӣ навигариҳо?

-Эй, навигариҳо чунон бисёранд, ки намедонам кадомашро бигӯям. Филм ба навор гирифта истодаем, гурӯҳи «Арабшо»-ро аз нав эҳё мекунем…

-Тамоми мардум аз кризис меноланду шумо филм ба навор мегиред? Ба фикрам ягон спонсори хориҷӣ ёфтаед-а?

-Спонсори хориҷӣ не, ватанӣ. Аз ҳаммилатони худамон.

-Кист он Ҳотами Той, ки дар ин замони бепулӣ барои кино маблағ медиҳад?

-Бародари азиз, Диловар Саидов њамроњи падару модараш.

-Моро ҳам ба нахустнамоиш даъват мекардагистед?

-Албатта даъват мекунем. Магар бе «Оила» мешавад?!

-Мавзӯи филматон чист? Ҷанги Сурия ё ишқу  муҳаббат?

-На ину на он, филми мо «Орзуи модар» ном дошта, дар бораи ҳаёти ҳунармандон нақл мекунад. Аниқтараш дар бораи ҷавонони боистеъдод, ки чӣ тавр ҷон коҳонда ба саҳна мебароянд. Нақши   асосиро сарояндаи љавон Диловар Саидов мебозад.

-Фахриддин, агар зид набошед, суҳбатамонро баъди тамошои филм идома диҳем?

-Бо ҷону дил! Филм, ки тайёр шуд, ба қавли Ғарибшо ман шуморо «ҷуғ мезанам.»

-Комёб бошед!

 

Суҳбаторо: Рустам Азимов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *