Фахрия Эвҷен ишқи президентро рад кард!
Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Фахрия Эвҷен
Ҷои истиқомат: Золинген, қисмати шимолии Олмон
Шаҳрванди Туркия
Касб: актрисаи кино ва ровии телевизион
Духтар ё фаришта?
Фахрия Эвҷен дар баробари актрисаи машҳур буданаш, духтари зеботарини олам эътироф гаштааст. Вай аз кӯдакӣ ҳусни беназир дошта, ҳанӯз замони ба дунё омаданаш волидонаш гумон кардаанд, ки Худованд барои кадом як кори некашон фариштаеро аз осмон ба замин фиристодааст, то дар хизмати онҳо бошад. Ин фариштаи заминӣ 4-уми июни соли 1986 дар Золингени қисмати шимолии Олмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Сафаре, ки шуҳрат овард
Пас аз хатми мактаби миёна Фахрия ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ҷомеашиносии Донишгоҳи ба номи Генрих Гейне супурда, ҳангоми таътили тобистона ба Истамбул дамгирӣ меояд. Тақдир дар ин ҷо ӯро бо амри тасодуф бо коргардонҳои машҳури турк, ки филми навашонро ба навор мегирифтанд, рӯ ба рӯ месозад. Дар симои ин духтараки фариштахисол ситораи ояндаро дида, коргардонҳо ӯро ба ҳамкорӣ даъват менамоянд. Волидони Фахрия аввал ба актриса шудани духтарашон розигӣ надоданд, вале духтарак бо зориву тавалло дили падару модарашро нарм намуда, ҳардуро ба гап дароварду дуои сафедашонро гирифта бо мақсади як бор бахташро дар кино санҷидан боз ба Туркия парвоз кард. Фахрия пештар бо синамо ягон робита надошта бошад ҳам, коргардонҳои ботаҷриба, ки дар интихоби ҳунармандон кайҳо гурги борондида гашта буданд, бо дили пур нақши асосиро дар сериали «Ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун!» ба ин зебосанам бовар карданд. Дар ҳақиқат духтарак дар баробари ҳусни беназир ва симои малакутию нигоҳи ошиқкуш маҳорати бисёр аҷиби актёрӣ доштааст. Вай аз филми нахустинаш мисли оҳанрабо ҳазорон-ҳазор одамонро ба сӯйи худ кашида чунон машҳур гашт, ки ҳатто ҳунармандони шинохтаи кишвар ба ӯ ҳасад мебурдагӣ шуданд.
Ишқи президенти пир
Фахрия бо як филм машҳур гашта қарор дод, ки минбаъд ҳаёташро пурра ба синамо мебахшад. Бо ҳамин мақсад духтарак ба Олмон баргашт, то ба шуъбаи ғоибона гузашта, баъдан бо дили пур корашро идома диҳад, вале…
Даъвати президент донишҷӯдухтари машҳурро хурсанд кард. Фахрияи паричеҳраро бо комёбиаш дар синамо муборакбод намуда, президент ба ӯ туҳфаи калони пулӣ инъом намуд ва вазифаи роҳбарии телевизиони Нюс-ПЕН-ро ба зимааш гузошт. Фахрия бо тамоми ҳастӣ худро ба кор бахшида, кӯшиш мекард ин шабакаро дар саросари дунё машҳур созад, вале баъди чанде овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё президент ба Фахрия ошиқ шудааст. Зебосанам маҷбур шуд, ки тарки вазифа намуда, волидонашро гирифта барои ҳамешагӣ ба Туркия, ба ҷое, ки хуни нофи падараш рехтааст, рахти сафар бандад.
Хоҳар-душмани ҷони апа
Ҳамин тавр онҳо муқими Истамбул шуданд. Коргардонҳои зирак бо шунидани ин хабар курта-курта гӯшт гирифта, қариб ҳар рӯз ба пушти дарашон меомаданд ва бо ваъдаҳои зиёд розигии Фахрияро барои иштирок дар филмҳои нав ба навашон гирифта мерафтанд. Зебосанам Фахрия Эвҷен дили мухлисонро бо суръати кайҳонӣ фатҳ намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба маликаи орзуҳои миллионҳо мухлисони синамо табдил ёфт. Ҳамин буд, ки баъди офаридани нақши Наҷло дар сериали «Хазонрез» Фахрияро «Беҳтарин ва зеботарин духтари турк» эътироф намуданд. Офаридани ин нақш барои духтараке, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст, хеле душвор буд, зеро Наҷло зани бадбахтест, ки аз се шавҳар ҷудо шудааст. Ҳанӯз мазаи бахтро начашида, Фахрия бояд чӣ қадар талх будани заҳри ҷудоиро дар симои тақдири Наҷло ба тамошобин нишон медод. «Хазонрез» дар ҳақиқат хазонрези ишқу орзуҳои ширини Наҷло аст, зеро бахти аввали ин духтараки бетақдирро одами бегона не, апаи худаш Лайло дуздида умре ду хоҳар бо ҳам душман мешаванд. Падару модараш аз духтари шавҳардуздашон Лайло рӯй мегардонанд, Наҷло бошад ба хотири фаромӯш кардани ин зарбаи сахти тақдир ба ҷавони дигар ба шавҳар мебарояд. Дере нагузашта шавҳари дуюмаш низ ба фалокат дучор мешавад ва Наҷло боз бева мемонад. Вай маҷбур мешавад, ки вазифаи шавњарашро бар дӯши худ гирифта, кори ширкатеро, ки ҳамсараш созмон дода буд, идома диҳад. Аз байн чанд муддат гузашта дар сари роҳаш боз як марди дигар пайдо мешавад ва бо ваъдаҳои осмонӣ дили Наҷлоро ба даст меорад. Ҷавонзани наосуда бо умеди бахт бори сеюм либоси арӯсӣ ба бар менамояд, аммо баъди тӯй мефаҳмад, ки ин мард танҳо ба хотири пулу мол ва вазифааш ӯро ба занӣ гирифтааст. Наҷло аз зарбаи навбатии тақдир сахт дилшикаста шуда аз шавҳари сеюмаш Марсин низ ҷудо мешавад. Ҳамин тавр бо касофатии апааш ин духтараки зебо умре аз бахт бенасиб монда, сахт азоб мекашад. Ҳодисаҳои филм чунон риққатоваранд, ки тамошобин онро бе оби дида тамошо карда наметавонад.
Ҳанӯз сабти «Хазонрез» бо охир нарасида, Фахрияро боз ба се филми нав даъват намуданд ва ин духтараки қавиирода якбора дар чанд сериал нақш офарида ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ҳамкасбонаш дар ғайбаш Фархияро ғайбат карда мегуфтанд, ки панҷ панҷаашро якбора ба даҳон тела дода, ин духтар ҳама корро расво мекунаду шарманда мешавад, вале хаёли бадхоҳонаш хом баромад. Фахрия дар сериалҳои «Андӯҳ», «Осмон» ва «Ғуруби муҳаббат» низ нақшҳояшро дар сатҳи бисёр баланд, балки олӣ бозида ҳамаро моту мабҳут гардонд.
Аз овоза то ҳақиқат
Соли 2014 Фахрия дар сериали «Муҳаббати амсоли ту» бо ҳунарманди ҷавону овозадори турк Бурак Озчевит нақш бозиду баъди ба экран баромадани ин филм дар атрофи номаш сару садоҳои зиёде пайдо шуданд. Рўзномаҳо дар бораи ишқи пинҳонии ин ду ҳунарманд саҳифа-саҳифа маводҳои ҳангомавиро ба табъ мерасониданд. Бо дидани аксҳои якҷояи онҳо, ки аз филм гирифта шуда буданд, мардум ба овозаҳо бовар карда дар бораи Фахрия чи гапе, ки аз даҳонашон барояд, гуфтан мегирифтанд. Ин овозаҳои бардурӯғ зебосанамро сахт дилшикаста намуданд, зеро то ҳамон вақт Фахрия натанҳо бо ягон ҳамбозӣ ё ҳамкасбаш, балки умуман ҳеҷ марде муносибати ошиқона надошт. Вай чунон саргарми кор буд, ки ҳатто фурсат намеёфт дар бораи ишқу муҳаббат фикр кунад, аммо душманон ин туҳмати ноҳақро ба пояш басо моҳирона баста, номашро бо Бурак Озчивит ба бадӣ бароварданд ва зебосанам қарор дод, ки барқасди ғайбатчиҳо ба ин ҷавони зебо ба шавҳар мебарояд, бигзор аз рашку ҳасуд кафида муранд.
Ҳамин тавр соли 2015 барқасди душманонаш Фахрия бо ҳамкасбаш, актёри машҳуртарини Туркия-Бурак Озчевит издивоҷ намуд. Тӯйи арӯсию домодии ин ду ситора бисёр бошукуҳ гузашта, дар шоҳидии машҳуртарин коргардонҳо ва ҳунармандони Туркия онҳо ба ҳамдигар қавли вафодорӣ дода, риштаи тақдирашонро бо ҳам пайвастанд. Ситораҳо моҳи асалро дар пойтахти Италия шаҳри Рим гузарониданд. Фахрия бе ишқу муҳаббат, барқасди душманон ба Бурак ба шавҳар баромада бошад ҳам, баъди тӯй ҳамсарашро чунон сахт дӯст дошт, ки дигар ҳатто як лаҳза ҳам ҳаёташро бе ӯ тасаввур карда наметавонад. Шуғли дӯстдоштаи ин паричеҳра дар соҳили дарё ва дар ҷойҳои камодам бо шавҳараш даст ба даст сайругашт намудан аст. Буракро аз ҷонаш зиёдтар дўст медорад ва мехоњад зудтар барои азизи дилаш фарзанди зебоеро ба дунё оварда, сари шавҳарашро ба осмон расонад. Зиндагии хушбахтонаи ин ду ситораро дида, бисёриҳо орзу мекунанд, ки чунин ҷуфти меҳрубон дошта бошанд. Мо даст ба дуо бардошта аз Худованд ба ин зану шавҳари зебо, ҷавон, ошиқ ва машҳур бахти ҷовидонӣ мехоҳем!
Омодасоз: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ