Файзалӣ Идизода-раиси нави Маҷлиси намояндагон

19 март бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати нави вакилон иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иҷлосия аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.

Дар иҷлосия тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Файзалӣ Идизода Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Пас аз ин котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.

Ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, рақами 13 Мавсума Муинӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 -Хоруғ Азиз Гиёзода интихоб гардиданд.

Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама, вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, таъкид гардид, ки вакилон бояд тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд.

Ҳамчунин, аз вакилон талаб карда шуд, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ба ҳайати нави парлумон олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони даъвати нав 18 нафар занон интихоб шуданд. Ин теъдод аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.

Пешвои миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастур дод, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Зикр гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image