Файзобод: Омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ
Бо фарорасии фасли баҳор ва зиёд гардидани боришоти селофар ташвишҳои кормандони Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод зиёд гардида, барои эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ пайваста корҳои амалӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин роҳандозӣ шуда истодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани омодагии корхонаву ташкилотҳо, масъулини соҳа ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиеви ноҳия машқи фармондеҳии ситодӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои маҳалии ҷамоати Д. Алиев ва аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳодисаи сел ва эвокуатсияи аҳолӣ дар деҳаҳои Сурхдара, Боғи Мирӣ, Файзобод ва Қанғелӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар оғози машқ аз тарафи роҳбари машқ бонги “Ҷамъшавӣ” барои ҳайати роҳбарикунанда, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи маҳаллии ҷамоати деҳоти Д. Алиев дар бораи оғози марҳилаи аввали машқ эълон карда шуд. Зернизоми вазифавии хабардоркунии алоқаи ҷамоат бонги эълони “Ҷамъшавӣ”-ро ба ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи маҳаллӣ расонид. Ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоат ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи маҳаллӣ бо қабул намудани бонг дар муддати 30 дақиқа дар бинои ҷамоат ҳозир шуданд. Баъди аз назаргузаронии ҳайати ҳозиршуда, дар назди раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷамоат Зубайдов Зайдулло ҷаласаи кушодашавии машқ баргузор гардид.
Дар машқи мазкур ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои зернизомҳои маҳаллӣ ва комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияҳои эвакуатсионӣ ва раисони кумитаҳои маҳалла, кормандон ва мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва аҳолии деҳаҳои болозикри ҷамоат ҷалб гардиданд.
Барои иҷрои корҳои муҳандисӣ ва бартарафсозӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 адад автопогрузчик, 1 адад камаз, 5 адад портер, 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ, аз деҳаҳои болозикр 261 нафар аҳолӣ, 22 нафар кормандони тиб аз марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ, 20 нафар аз дастаи зудамали наҷотдиҳии Агентии Оғохон аз зерҳавзаи Сурхдара ва 30 мошини сабукрави одамбар ҷалб карда шуд.
Умуман, дар машқи мазкур аз аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳайати роҳбарикунанда 294 нафар, 38 адад техникаҳо, 11 сар асп ва 8 сар маркаб ҷалб гардида, аз мавзеи хатарнок ба мавзеҳои бехавф бо тариқи савора ва пиёда ва маркабҳо 64 нафар аҳолӣ эвокуатсия карда шуданд. Аҳолии кўчонидашуда дар ҷойҳои муваққатии эвокуатсионӣ ҷойгир карда шуданд.
Тавассути техникаҳои ҷалбшуда дар сойи Сурхдара дар ҳаҷми тахминан 160 метри мукааб корҳои тозанамоӣ гузаронида шуданд. Аз тарафи дастаи 20-нафараи зудамали Агентии Оғохон дар зерҳавзаи Сурхдара осебдидагони шартӣ сари вақт ба нуқтаи тиббии чорабинӣ интиқол дода шуда, аз тарафи кормандони тиб ёрии аввалияи тиббӣ сари вақт расонида шуд. Селроҳаҳо ва ҷӯйборҳои ҳудуди деҳаҳои Сурхдара ва Боғи Мирӣ дар масофаи 240 метр аз лойқа тоза карда шуданд.
Аз тарафи комиссияи назоратии чорабинӣ дар фарҷом ба амали қувва ва воситаҳо, омодагии ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои зернизомҳои маҳаллӣ ва раисони кумитаҳои маҳалла, кормандон ва мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва аҳолии деҳаҳои болозикри ҷамоати ба номи Д. Алиев дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баҳои баланд дода шуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки деҳаҳои Сурхдара, Боғи Мирӣ, Файзобод ва Қанғелии ҷамоати деҳоти Д. Алиев дар самти ғарбиву шарқии ҷамоат ҷойгир буда, аз ҳисоби сойи Сурхдара, ки ҳамасола селҳои гуногун мегузарад ва дар асоси тадқиқотҳои мутахассисони геологӣ ҳамчун мавзеҳои хатарнок ба шумор мераванд.
Ф. ХОҶАЗОДА,
сармутахассис оид ба чорабиниҳои мудофиаи граждании бахши Кумитаи ҲФ ва МГ дар ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ