Факултети гӯштини миллӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ?
Имсол дар назар аст, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмумин Раҳимов факултети гӯштини миллӣ таъсис ёбад.
Ин нуктаро Шодӣ Сафаров — ректори ин донишгоҳ дар нишасти матбуотии донишгоҳ, ки имрӯз, 9-уми феврал баргузор шуд, қайд намуд.
Ин иқдом дар ростои мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки айни ҳол дар донишкада 5180 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 156 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 194 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 172 нафар духтарон таҳсил мекунанд.
Аз теъдоди 349 нафар омӯзгорони донишкада 75 нафарро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ