Фаластиниҳоро Чин муттаҳид мекунад?
Ҳамос ва Фатҳ дар Пекин эъломияеро имзо карданд, то ихтилофотро хотима бахшад.
Матбуоти Чин гузориш медиҳад, ки намояндагони 14 ҷунбиш ва ҷиноҳи фаластинӣ, аз ҷумла Фатҳ ва Ҳамос дар пайи музокира бо Ванг Йӣ, вазири умури хориҷаи Чин дар Пекин эъломияи муштарак дар бораи «рафъи ихтилофот» ва бунёди «ваҳдати Фаластин»-ро имзо карданд.
Интизор меравад, ки ҷунбиши фаластиниҳо барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ талош хоҳанд кард, аммо Пекин то ҳол ҷузъиёти онро ироа накардааст.
Муноқиша байни ҷунбиши Фатҳ ва Ҳамос дар соли 2007 бошиддат авҷ гирифт, ки ба тақсимоти Маъмурияти миллии Фаластин ва ҷудо шудани навори Ғазза таҳти назорати Ҳамос аз Маъмурияти миллии Фаластин, ки соҳили Ғарбии Урдунро назорат мекунад, оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ