Фанди «Пайванд». Чаро ин ширкат мардумро гӯл мезанад?

Ширкати «Пайванд» дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе даҳҳо терминалҳои рангашон кабудро, ки бо тангаҳои фулузии 1, 3 ва 5-сомонӣ ба муштариён хизмат мерасонанд, насб намудааст. Рости гап, дар марҳилаи аввал ин терминалҳо ба мардум хуб хизмат мерасонданд. Аммо вақтҳои охир аз чӣ бошад, ки баъзе терминалҳои ин ширкат тангаҳоро қабул намекунанд. Ё  тангаҳоро ворид ҳам кунед, ба суратҳисоби телефон намегузаранд.

Ваъда додӣ, вафо кун!

Фанди ширкати “Пайванд” дар моҳҳои февралу марти соли ҷорӣ се бор ба мо рӯй додааст. Дафъаи аввал ба терминали рақами 350332-и ширкати «Пайванд», ки дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино   воқеъ аст, як тангаи 3-сомонӣ ва як тангаи 50-дирамиро барои пайвастани телефони 988 303 245 ворид кардем. Терминал тангаҳоро қабул карда бошад ҳам, онҳоро ба тавозуни муштарӣ дохил накард. Зуд ба хадамоти дастгирии ширкати «Пайванд» таҳти рақами 5505 аз телефони дигар занг задем. Оператори ширкат арзи моро шунида, ваъда дод, ки “пас аз санҷидани терминал, телефонатонро ҳатман фаъол мегардонем”. Як рӯз гузашт, пайваст накарданд. Маротибаи дуюм занг задему арзамонро такроран ба қайд гирифтанд ва боз ваъда доданд. Як рӯз пас хирагӣ намуда, сеюм бор занг задем. Ҳеҷ нест, ки ба ваъдаашон вафо бикунанд. Дидем, ки операторони ширкат моро бозӣ доронда истодаанд, ба рӯзи пурбориш нигоҳ накарда, суроғаи ширкати «Пайванд»-ро, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар рӯ ба рӯйи бозори «Шому саҳар»-и ноҳияи Сино, дар ошёнаи аввали бинои истиқоматии бисёрошёна ҷой гирифтааст, пас аз ҷустуҷӯ ёфтем. Кормандони ширкат, ки аксар ҷавонон будаанд, аз муроҷиати мо ба ҳайрат омаданд, ки «наход барои чанд сомонии ночиз дар рӯзи боронӣ ба ширкат биёянд?». Онҳо операторонеро, ки арзи моро дар давоми як ҳафта шунидаю ба қайд гирифта, ваъдаҳои бардавом доданд, ошкор накарданд. Қатъияти моро дида, Акбар ном ҷавоне розӣ шуд, ки арзи моро бишнавад. Ӯ ба сафедкунии ширкат гузашта, гуфт, ки «терминали гуфтагии шумо фақат тангаҳои 1-сомониро қабул мекунад. Дар ин бора огоҳиномаро дар терминал часпонида будем. Шояд бачаҳо канда партофта бошанд?». Акбар аз номи ширкат узр пурсид ва зарари маънавии расонидаро бо маблағи 10 сомонӣ ба тавозуни рақами телефони мо гузаронд, ки он фаъол гардид.

Пас аз ин ҳодиса итминон доштем, ки масъулини ширкати «Пайванд» терминали рақами 350332-ро таъмир мекунанд ва лавҳаи огоҳиро ба муштариён манзур медоранд. Хестӣ, ки хобӣ! То имрӯз аз огоҳинома нишоне нест ва терминал бемалол тангаҳои муштариёнро “фурӯ” мебарад…

Ин фанду фиреби ширкатро фаромӯш карда будам, ки духтарам хоҳиш кард ба тавозуни телефонаш маблағе пардохт намоям. Як тангаи 1-сомонӣ ва як тангаи 3-сомониро ба терминали ширкати номбурда партофта, аз духтарам пурсидам, ки 4 сомонӣ маблағ ба тавозунаш гузашт ё не? Посух дод, ки «нагузаштаст». Зуд ба хадамоти дастрасии ширкат занг задам. Ваъда доданд, вале чанд рӯз баъд аз хирагии ман он маблағро пас аз ду рӯз гузаронданд.

Боз шикоят, аммо куҷост садошунав?

Болои сӯхта намакоб. Боз 7-уми март духтарам хоҳиш намуд, ки ба тавозуни телефонаш 988 303 245 маблағе пардохт намоям. Азбаски пулҳои коғазини зарурӣ надоштам, ин бор ба терминали рақаме, ки дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои Сирки давлатӣ воқеъ аст, як тангаи 50-дирамӣ, як тангаи 1-сомонӣ ва як тангаи 3-сомонӣ партофтам. Ин дафъа ҳам терминали “Пайванд” 4,5 сомониро ба тавозуни телефони болозикр ворид накард. Зуд ба хадамоти дастгирии ширкат занг зада, арз кардам. Шикоятро Қосим ном оператор шунид. Ӯ ваъда дод, ки хатои терминалро ислоҳ хоҳанд кард. Аз байн ду рӯз гузашт. Духтарам гила кард, ки «то ҳол ягон сомонӣ ба тавозуни телефонаш нагузаштааст». Ноилоҷ боз ба ширкат муроҷиат намуда, арзамро хотирнишон сохтам. Оператор аз нав ваъда дод. Рӯзи дигар боз ширкатро аз ваъдаи додаашон ҳушдор додам. То имрӯз ширкати «Пайванд» 4,5 сомонии муштарии фаъолашро ба тавозун нагузаронидааст.

Чаро ширкати «Пайванд» дидаю дониста терминалҳои нимвайронаашро таъмир намекунад? Дилпуранд, ки ҳар рӯз даҳҳо муштариён ҳеҷ гоҳ барои 3-4 сомонӣ шуда, ба ширкат арз намебаранд? Онҳо маблағҳои бе дарди миёнро ба ҷиғилдони худ мезананд? Зимнан, кай терминалҳои аз кор мондаю баъзеяш оҳанпора шуда, ки ҳусни маркази шаҳрро коста мегардонанд, аз  назди Маркази савдои «Садбарг» бардошта мешаванд?

Эмоми НАЗАРИЁН, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *