Ташкилоти эронии Имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон баста шуд

Фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, як муассисаи бонуфузи хайриявии Эрон дар Тоҷикистон, мутаваққиф шудааст. Як манбаъ дар Раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Тоҷикистон 7 июл дар суҳбат бо расонаҳо хабари қатъ шудани фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайниро тасдиқ кардааст.

Манбаъ гуфт, ки Вазорати адлия қаблан ду бор дар мавриди нақзи қонун Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин кумита огоҳии расмӣ фиристода, аммо ниҳоди мазкур огоҳиҳоро нодида гирифта будааст. Мусоҳиби мо вале шарҳ надод, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ муваққатан қатъ шуда ва пас аз ислоҳи камбудҳо фаъол хоҳад шуд, ё на.

Рӯзи 7 июл дарвози дафтари Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Душанбе баста буд ва талошҳои мо барои пайдо кардани масъулон ё кормандони ин ниҳоди хайриявии Эрон барои шарҳи ин вазъ то ҳол бенатиҷа буд.

Фирдавс Ашӯрматов, яке аз масъулони бахши Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Суғд, ба расонаҳо гуфтааст, феълан дар рухсатӣ ҳаст ва аз мутаваққиф шудани фаъолияти ин ниҳод хабар надорад. Вале як манбаи огоҳ дар Хуҷанд гуфт, ки ҳоло дафтари ин кумита дар шаҳри Хуҷанд баста шуда ва ҳамаи кормандони маҳаллӣ ба рухсатии маҷбурӣ рафтаанд.

Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз муассисаҳои хайрия ва фарҳангии Эрон ҳисоб ёфта ва аз соли 1996 фаъолияти худро дар ҳудуди Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *