Фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Русия қатъ карда шавад
Раиси Федератсияи варзиши сабуки Германия Клеменс Прокоп аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва шахсан президенти он Томас Бах даъват ба аввал овардааст, ки фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Русия қатъ карда шавад.
Ба гуфти Прокоп, вай ҳанӯз моҳи июли соли равон ба КБО муроҷиат карда будааст, ки ҳай ати варзишгарони Русия аз иштирок дар Олимпиадаи Рио пурра роҳ дода нашавад. Ҳоло далелҳои бисёри раднопазире ҷамъ оварда шудааст, ки Кумитаи миллии олимпии Русия аз фаъолият бозмонад. Прокоп чунин иқдомро нисбат ба Кумитаи миллии олимпии Русия ба мушкилоти истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони рус зарур меҳисобад.
Дар акс: Ричард Макларен бошад, пешниҳод дорад, ки натиҷаҳои олимпии варзишгарони Русия дар олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014 беэътибор эътироф шавад.
Эмоми НАЗАРИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ