Фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷамъбаст гардид

Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якум  ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки санаи  12 июли соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ҳузури Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс Назримад ва  Накҳатзода  Моҳбону Киромиддин доир гашт.

“Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати рушди низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас пайваста талош меварзад”, — изҳор намуд зимни шарҳи низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким. Зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ мусбат арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар раванди ислоҳот дар низоми бонкӣ идома хоҳад ёфт.

Дар ҷараёни ҷаласа рӯнамои муфассал оид ба “Нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2022”  аз ҷониби директори Департаменти назорати бонкӣ Шарипов Фирӯз ва роҳбарони сохторҳои калидии масъул дар мавриди суботи молиявии низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати қурби асъор, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ, инчунин иҷроиши вазифаҳои гузошташуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар идома, роҳбарони бонкҳо оид ба иҷроиши вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ки махсус аз дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҳамзамон дар самти таҳкими стратегияи рушди фаъолият барои солҳои 2022-2026, татбиқи лоиҳаҳои нав ҷиҳати дастрасии молиявии аҳолӣ ҳисоботи мушаххас доданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло аз натиҷаи фаъолияти низоми бонкӣ ва масъалаҳои матраҳшуда хулосабарорӣ намуда, барои идома додани ислоҳот дар низоми сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосир бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, тавсеа додани механизми қарздиҳӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ  ба низоми бонкӣ ва ба таври зарурӣ истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда барои рушди низом аз роҳбарони бонкҳо даъват кард.

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар такя ба дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат ба низоми бонкӣ вазифаҳои навбатиро барои нимсолаи дуюми соли 2022, аз қабили таҳкими стратегияи рушди фаъолият барои солҳои 2022-2026, таъмини эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии корпоративӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, коҳиш додани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, андешидани тадбирҳо барои ҷалби бештари сармоягузориҳо ва мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, баланд бардоштани тахассусияти кормандони низоми бонкӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағгузории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дар умум, низоми бонкӣ муаррифӣ намуд. 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *