Фаъолияти ҷомеаҳои наздисарҳадӣ беҳтар мегарданд
Аъзои гурӯҳҳои тамосии ҷавонони (ГТҶ) ҷамоатҳои Лаккон, Ворух ва Сурхаз «Мафҳумҳои умумии кор дар гурӯҳҳо ва мобилизатсияи ҷомеа» огоҳ шуданд. Санаи 8 августи соли равон дар шаҳри Исфара бо мақсади баланд бардоштани малака ва маҳорати сокинони ҷавони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон баҳри эътиқод ва сулҳ дар ҷомеаҳои минтақаҳои мазкур,семинар баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар қоида, принсипҳо, меъёрҳои кор дар гурӯҳҳо, нақши механизмҳои ҷаҳон дар мобилизатсияи ҷомеа ва амалҳои муштарак мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт. Гулҷаҳон Шаропова, узви ГТҶ аз ҷамоати Сурх мегӯяд, ки ӯ минбаъд медонад, барои бартараф намудани нофаҳмиҳо дар сарҳад ба кадом мақомотҳо муроҷиат намояд.
Ҷараёни семенар
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон» доир шуд, ки бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
-Тарзҳои ба роҳ мондани чорабиниҳои муштарак, усулҳои муомила, муошират бо ҳамсолонамон аз Қирғизистонбештар ба ман писанд омад,-зикр менамояд иштирокчӣ аз ҷамоати Лаккон-Рамзия Тошматова, ки дар як вақт омӯзгори мактаби №54 ба ҳисоб меравад. -Инчунин усули дар бобуна навиштани хислат имкон дод, то аъзои гурӯҳҳоро аз наздик бишносем.
-Натанҳо сессияҳо, инчунин бозиҳо низ барои беҳтар намудани фаъолияти гурӯҳҳои тамосии ҷавонон мусоидат мекунанд,-иловамекунад Музаффар Қозиев.
Дар анҷоми семинар иштирокчиён хулоса карданд, ки ҳарчанд онҳо аз лиҳози рафтор, кирдор гуногунанд, аммо дар ҳама ҳолат баробаранд. Ногуфта намонад, ки семинар оид ба меъёрҳои кор дар гурӯҳҳо, инчунин барои ГТҶ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ доир гашта буд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ