Фаъолияти се нашрия қатъ гашт

Дар Қирғизистон моҳи ноябр фаъолияти нашрияҳои «Фабула», «Тамчӣ» ва «Алло, реклама» қатъ шудааст. Дар ин бора Боқид Дийканов, муовини мудири нашриёти «Маркази дастгирии ВАО» хабар дод, ки нашрияҳо дар он чоп мешуданд.

«Бештари нашрияҳо ба шакли интернетӣ гузаштанд. Шумори хонандаҳои нашрияҳо тайи ду-се соли ахир 30-35% коҳиш ёфтааст», — гуфт ӯ.

Дар «Маркази дастгирии ВАО» ҷамъан ҳудуди 130 нашрия чоп мешаванд, ки адади нашрашон аз 1 то 70-80 ҳазор аст.

Пештар сармуҳаррири нашрияи «Фабула» Тилек Рискулов хабар дода буд, ки мушкили молӣ пеш омадааст ва шумори хонандаҳои нашрия низ поин рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, тасмим гирифтаанд, ба шакли электронӣ гузаранд. Бино ба бархе хабарҳо, «Фабула» ба вакили порлумони Қирғизистон Рискелдӣ Момбеков тааллуқ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *