Фаъолияти сохторҳои оперативӣ назаррас аст
Баъди ба даст овардани Истиқлолият зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ ба як нерӯи қудратманду тавоно мубаддал гардид.
Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ раёсату хадамот ва шуъбаҳои гуногун оид ба самтҳои муайяни фаъолият таъсис ёфтанд. Яке аз бахшҳои калидӣ, ки бевосита фаъолияти онҳо ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бахши кофтукови ҷиноятӣ низ дар замони соҳибистиқлолии кишвар тадриҷан инкишоф ёфта, имрӯз раёсат ва шуъбаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондаанд.
Бо гузашти солҳо, бо андӯхтани таҷрибаи корӣ ва сайқал додани малакаи касбӣ ҳайати кормандони ин шуъба аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, пурқувват ва самаранокии фаъолияти оперативӣ низ хеле беҳтар гардида, самтҳои фаъолияти кофтукови ҷиноятӣ боз ҳам такмил ёфта, кормандони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ фаъолтар ва дар ошкор намудани ҷиноятҳои содиргардида ва дастгир намудани ҷинояткорон соҳибтаҷриба шудаанд.
Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни муборизаҳои сиёсӣ дар сафи пеши даргириҳо қарор дошта, ба хотири ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ, муборизаи оштинопазир бурдан бо гуруҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ки даст ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ мезаданд, ҳаёти худро дар хатар гузоштаанд. Бисёре аз кормандони кофтукови ҷиноятӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститусионии кишвар ҷони худро қурбон намудаанд.
Насли ҳозираи Хадамоти кофтукови ҷиноятӣ донишу малака ва таҷрибаи аз собиқадорону дастпарварони кофтукови ҷиноятӣ андӯхтаашонро дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматиашон пайваста амалӣ намуда, ба дастовардҳову комёбиҳои назарраси оперативӣ-хизматӣ ноил гардидаанд.
Махсусан, баъди ба табъ расидани китобҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоту нофаҳмиҳои дар фаъолияти корӣ ҷойдошта бартараф карда шудаанд. Имрӯз кормандони ҷавону ботаҷриба ва дар сатҳи баланди касбӣ дар шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, аз хурдтарин ҳуқуқвайронкунӣ то ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили одамкушӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризму эстремизм, ҷиноятҳои кибернетикиву интернетӣ ва ҷинояткорони дар кофтуковбударо бо маҳорату малакаи баланди касбӣ ошкор менамоянд.
Тибқи таҳлил ва омӯзиши раванди ошкорсозию дастгиркунии афроди ҷиноятпеша дар Тоҷикистон 90% ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони сохторҳои оперативӣ, яъне бахши кофтукови ҷиноятӣ ошкор карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, нақши кормандони оперативии мақомоти милитсия дар нигоҳ доштани суботу оромӣ ва сулҳу осоиштагии кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Фаъолият, зиндагӣ ва рӯзгори корманди оперативӣ ба ҷустуҷӯи доимӣ пайванд аст, яъне доимо бо атрофиён дар суҳбату муошират қарор дошта, нисбати олами ҷиноятӣ мушоҳидаҳои муфид анҷом медиҳанд. Бо назардошти фаъолиятҳои шабонарӯзӣ ва корномаҳои бемисли кормандони оперативӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун «Рӯзи кормандони оперативӣ» таҷлил карда мешавад. Бо мақсади дастгирии кормандони ботаҷрибаи кофтукови ҷиноятӣ, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсола озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд. Ҳамзамон, дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои миллӣ барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегарданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯзҳо Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо тамоми лавозимоти моддию техникӣ таъмин буда, бо ҳайати шахсии дорои малакаву дараҷаи касбияти баланд вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқонаву софдилона иҷро намуда, бо садоқатмандии комил ба савганди хеш фаъолияти оперативӣ-хизматиро пеш мебаранд.
Фирдавс ШАРОФОВ,
сардори ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ