Фаъолони Ӯзбекистон: Бо Гулнора Каримова созиш накунед!

Гуруҳе аз фаъолони мадании Ӯзбекистон бо муроҷиат ба вазоратҳои адлия, додситониҳо ва ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса, ИМА, Гибралтар ва Ӯзбекистон талаб карданд, ки парвандаи Гулнора Каримова одилона таҳқиқ шавад. Ва сарнавишти амволи ғайриқонунии вай рушан гардад.

Муаллифон мегӯянд, баъди баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова бояд парвандаи вай ва ҳаммаслаконаш дар Ӯзбекистон аз сари нав баррасӣ шавад.

«Ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса ва дигар кишварҳо, ки дороиҳои Каримова онҷо қарор доранд, мебояд на танҳо ба қонунгузории зидди фасод, балки ба ҳуқуқи инсон ҳам таваҷҷуҳ кунанд», — навиштаанд муаллифон.

«Мушкили аслии мо он аст, ки дар Ӯзбекистон миёни вакили мудофеи Гулнора Каримова ва мақомоти кишвар гуфтугӯи махфӣ ҷараён дорад. То ҷое мо медонем, Каримова соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Соли 2017 ӯро ба зиндони занона интиқол доданд. Охири моҳи июн ӯро дубора ба ҳабси хонагӣ оварданд. Ва бори дигар дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ ба зиндон фиристода шуд. То ҷое мо огоҳ ҳастем, дар ивази баргардонии маблағҳо аз Швейтсария ба Ӯзбекистон талаб карда мешавад, ки Гулнора аз зиндон озод ва кишварро тарк кунад», — омадааст дар муроҷиати фаъолон.

«Мо ҳоло дақиқ намедонем, ки оё ҳукумати Ӯзбекистон ин шартро мепазирад ё не, вале Каримова дубора ба ҳабси хонагӣ интиқол дода хоҳад шуд. Ҳама гуна созиш бо вай бояд фасодкорӣ унвон шавад. Ин гуна созиш ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ созгор нест ва хилофи манфиати мардуми Ӯзбекистон аст», — навиштаанд муаллифон.

Тафтишот мегӯяд, Каримова аз ширкатҳои мобилии хориҷӣ барои роҳ додани онҳо ба бозори Ӯзбекистон наздики 1 миллиард доллар пора гирифтааст. Вай қисме аз ин маблағҳоро дар бонкҳои хориҷ пинҳон ва бо қисми дигари онҳо дар кишварҳои аврупоӣ амволи ғайри манқул харидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *