Фарҳангиёни ӯзбек ба Тоҷикистон меоянд
Дар ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар назар аст рӯзи 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардад.
Қарор аст, рӯзи 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии фарҳангиёни Ӯзбекистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод кунанд.
Дар рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек баргузор хоҳад шуд.
Нахустин Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2017 баргузор шуда ва дар он 55 ҳунармадони санъати ин кишвар ширкат доштанд.
Дар моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон бо ширкати ҳунармандони ин ду кишвар “Шоми дӯстӣ” баргузор шуда буд, ки дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳузур доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ