Фарҳангиёни тоҷик соҳиби 137 адад созҳои миллии мусиқӣ гардиданд
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммалгардонии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо созҳои милли мусиқӣ рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ чорабинӣ доир гардид.
Бино ба иттилои вазорат, дар ҷорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, сардорони раёсат, шуъба ва роҳбарони муассисаҳои таълимии тобеи вазорат иштирок намудаанд.
Нахуст Давлатзода Зулфия иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии баҳори фархундапай табрику таҳният гуфта, тақдими созҳои миллии мусиқиро дар ин рӯзҳо иқдоми нек арзёбӣ намудааст.
Дар идомаи суханронии хеш вазири фарҳанг иброз доштааст, ки “имрӯзҳо маҳз бо сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ба дастовардҳои беназире ноил гардем. Бо созҳои миллии мусиқӣ мукаммал намудани муассисаҳои таълимии тобеи вазорат имрӯзҳо заруриву саривақтӣ буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки наврасону ҷавонони бофарҳангу санъатдӯсти мо аз ин созҳои мусиқӣ санъати навозандагиро аз худ намуда, баҳри рушди ояндаи дурахшони худ истифода хоҳанд бурд”.
Гуфта мешавад, ки барои 12 муассисаи таълимии вазорат 137 адад созҳои миллии мусиқӣ, аз қабили 20 рубоб, 20 рубоби прима, 12 дутор, 20 ғиҷак, 11 чанг, 6 қонун, 10 танбӯр, 2 пианино, 16 най, 20 доира тақдим гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ