Фарҳод РАҲИМӢ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Зиндагинома. Фарҳод Раҳимӣ (Фарҳод Қодирович Раҳимов) 19-уми сентябри соли 1968 дар деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Cоли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик — омӯзгор хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ. Фаъолияти кориашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шуруъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст. Аз соли 1995 то соли 2000-ум ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии ДМТ ва докторанти ҳамин Донишгоҳ фаъолият намуда, таҳқиқоти илмиашро дар Пажуҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ кардаву ба унвони илмии доктори илмҳои физикаву математика соҳиб гардидааст. Солҳои 2001-2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2006 дар мансаби муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.
Осори илмӣ. Фарҳод Раҳимӣ муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.
Қадршиносӣ. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи II, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ,
Ҷоизаи байналхалқии ЭКО дар бахши «Илм ва технология».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ