Фарҳод Ғафурӣ:Занҳо барқасди шавҳар ҳофиза мешаванд!
Номи Фарҳод Ғафурӣ барои дилбохтагони сурудҳои эстрадӣ ошност. Ин ҷавони хоксору ҳунарманд аллакай бо сурудҳои дилошӯбаш дар дили ошиқони савту наво маъво гирифтааст. Таронаҳои Фарҳод моломоли шавқу шӯри ҷавонӣ ва шӯху дилнавозанд, вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар паси ҳар як таронаи Фарҳод як олам роз ниҳон аст. Барои кушодани ана ҳамин розҳои зиндагиву эҷодаш мо ин ҷавони ҳунармандро ба идораи ҳафтанома даъват намудем. Инак, мутаваҷҷеҳ бошед ба суҳбати мо бо Фарҳод Ғафурӣ.
— Фарҳод, саундтреки « Меҳмони нохонда»-ро ба Шумо бовар карданд, ин ҳам дар ҳолест, ки Зарнигори Зар дар он нақши асосиро бозӣ мекунад. Бародарам муаллифи филм аст гуфта «через» кардед-а?
— Э не, ман дар умрам ҳеҷ гоҳ «черезбозӣ» накардааму намекунам. Пештар саундтреки «Меҳмони нохонда»- ро Рӯзибеки Файзалӣ хонда буд, аммо тамошобин онро на ҳамчун саундтреки филм, балки ҳамчун клип қабул карда дар комментарияҳояшон «клипи тенҷ», клипи олӣ» навиштанд. Дастандаркорони «Меҳмони нохонда»-ро лозим омад, ки саунтрекро аз сари нав ба роҳ монанд. Вақте ба ман гуфтанд, ки саундтрекро хон, талаб кардам, ки ҳамаи кадрҳои филмро ҳозир кунанд ва ҷойҳои даркорияшро барои саундтрек интихоб намуда, шеърро ба Нуруллоҳи Ориф фармоиш додам.
-Имрӯзҳо дар бораи ибораҳои нав дар сомонаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо хеле бисёранд, ҳатто чанде пеш студияи «Камо» бастаи сурудҳои сарояндаҳоро бо унвони «Ҳайвонай» баровард…
-Оҳо, инаш аз ҳад гузашт-ку! Наход ҳамин хел унвон монда бошанд-а?! Ана акнун «офарин»-и мо, ҳофизо гӯед, ки ба ҳама гапҳои пасту баланди мардум тоб меорем!
-Офарину аммо ба гуфти Ҳабиб Ҳакимов шумо сурудҳоятонро дар «зоопарк» тайёр намекунед-ку!
-Бале, ибораҳои «харай», «хари бадай» воқеан ҳам гӯшхарошу дилгиркунандаанд, аммо чӣ илоҷ? Ин калимаҳо дар байни ҷавонон серистеъмол шудаанд. Боварӣ дорам, ки оҳиста-оҳиста ин ибораҳои гӯшхарош аз байн меравад, аммо то он замон хеле хуни дил хӯрдан лозим меояд….
-Хуб, бармегардем ба мавзӯи клип. Чаро аксари сарояндаҳои тоҷик барои клип кардани сурудҳояшон ба Тошкент мераванд? Тоҷикистони худамон манзараҳои биҳиштии зиёде дорад, ба осонӣ метавон дар Ватан клипҳои олиҷаноб сабт кард…
-Тоҷикистони мо дар ҳақиқат биҳишти рӯйи замин аст, аммо бадбахтона дар мо шароити клипсозӣ нест! Як моҳ даводав карда як ҷойи мувофиқ меёбӣ, вале нав камераҳоро мемонӣ, ки ба сарат омада мегӯянд: «Ҳой бародар, дар ин ҷо навор гирифтан мумкин нест!» Маҷбур мешавӣ, ки як мошин аппаратураро ба ҷойи дигар кашонӣ, вале дар он ҷо ҳам айнан чунин ҳодиса рӯй медиҳад. Шумо мегӯед, ки манзараҳои кишварро сабт кунед, вале иҷозат набошад, чӣ кор кунем? Фақат Варзобу Ромит равем?! Дар Тоҷикистон клип мекунам гӯӣ, камаш 3-4 моҳ вақт сарф мешавад. Як моҳ ҷой мекобӣ, як моҳи дигар аз паси модел медавӣ, ду моҳи дароз наворбардору коргардон корро кашол дода, ҳофизи бечораро овора мекунанд. Дар Тошкент муносибат ба эҷодкор чунин нест. Мо ҳатто ба он ҷо намеравем. Сурудро бо оҳанг мефиристем, дар чор рӯз онро тайёр карда барои мувофиқа мефиристанд. Фақат ҷойҳои мехондагиамон мемонад. Саҳар меравию то нисфирӯзи ҳамон ҷойҳоро сабт карда, бегоҳ ба Ватан бармегардӣ. Ана ин аст профессионализм!
-Дар Хуҷанд студияи клипсозӣ кушоданд-ку!
-Ростӣ, таърифи студияи клипсозии Хуҷандро шунида бошам ҳам, ҳанӯз бо чашми сар онро надидаам. Мехоҳам бо клипмейкерони хуҷандӣ ҳамкорӣ намоям. Корашон воқеан ҳам шоистаи таъриф бошад, дигар моро лозим намеояд, ки ба Тошканд равем. (механдад)
-Як ҳофизи машҳур гуфта буд, ки барои сарояндаҳои зан спонсор ёфтан 2х2 аст, вой бар ҳоли мо, бачаҳо…
-Ман, ки худам студияи сабти овоз дорам, дар бобати сабти суруд чандон душворӣ намекашам, вале барои дигар ҷавонон дар ҳақиқат душвор аст. Ҳар як тарона бо нархи дандоншикан ба даст меояд.
-Хонумҳои сароянда ҳам ба студияи шумо меоянд?
-Меоянд. Намояндагони ҷинси латиф бештар барқасди шавҳарашон сароянда мешаванд. Ман тамоми ҳофизаҳоро дар назар надорам, вале вақтҳои охир қариб ҳар рӯз 5-6 бону-эҷодкори ҷавон аз дари студия даромада диски сурудҳояшонро наздам мепартоянду мегӯянд: «бигир, ҳами суруди мара бину ягон клипи тенҷ навис, ки ма бхонум, шум бубинаю дилу ҷигаруш бсууза…» Ман ба ин занҳо ҳайрон мешавам, наход ба хотири рашки шавҳарро овардан ҳофиза шавӣ-а?! Аксари хонумҳои барқасди шавҳар ҳофиза шуда, баъди ду-се суруд хондан аз саҳна ғайб мезананду баъд мефаҳмӣ, ки ҳадаф чизи дигар будааст, на санъат!
-Браво, то имрӯз сару садоҳо дар ин мавзуъ бисёр буданд, вале касе ҷуръат намекард, ки ин гапро ошкоро бигӯяд!
-Бори дигар такрор мекунам, ки ман бо ин сухан ҳофизаҳои тоҷикро паст заданӣ нестам. Аз зумраи бонувон мо санъаткорони олиҷаноби бисёре дорем, вале занҳои беандешае низ ҳастанд, ки баъди талоқ гирифтан аз шавҳар барқасд ба саҳна мебароянд, то «марди ношукр» занашро аз оинаи нилгун дида, аз рашк сӯзад, аммо…
-Истед, ки худи шумо оиладоред? Ҳамсаратонро дар экрани телевизион бубинед, аз рашк намесӯзед?
-Аз ҷойи ҷони одам меқапед-а?!
-Аз савол нагурезед!
-Хушбахтона, ман ҳанӯз оиладор нашудаам ва зани санъаткор гирифтанӣ ҳам нестам.
-Зани хонашин мегирам гӯед?
-Не, ман занҳои бесаводро чандон хуш надорам. Мехоҳам ҳамсарам духтари соҳибмаълумот бошаду ба баду неки зиндагӣ сарфаҳм равад.
-Агар дубора ба дунё меомадед, кадом қисмати ҳаётатонро дигаргун мекардед?
-Касбамро.
— Эҳе, инаш бисёр аҷиб-ку!
-Сарояндагӣ касби пурмашаққат ва бар замми ин, ба қавли мардуми рус «неблогодарный» аст. Сад кӯшиш кунӣ ҳам, аз таги нохун чирк кофта, боз ягон айбатро меёбанд.
-Хайр, агар ҳофиз намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?
-Космонавт мешудам. Аслан, ман сароянда шуданӣ набудам, вале аз хурдӣ, ки дар кружокҳои мактабӣ суруд мехондам, оҳиста- оҳиста ин кор ба касби асосиям табдил ёфт.
— Озурда набошед, космонавт нашуда бошед ҳам, бо сурудҳоятон ба само парвоз мекунед ва дар дили ошиқони савту наво маскан мегиред.
-Иншоаллоҳ!
Суҳбаторо: Фарангиси Фармон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ