Фарҳод аз Артиш то ба Русия гурехт, аммо…

Русия як ҷавони тоҷикро, ки барои фирор аз Артиш нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод кард. Фарҳод Назаров, сокини 26-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми июл ба Тоҷикистон супурда шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи назди Додситонии ҳарбӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Аз Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл ин хабарро тасдиқ карда, гуфтаанд  Фарҳод барои фирор аз даъват ба Артиш муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, Фарҳод Назаров пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ аз комиссариати ҳарбӣ ба Русия фирор кард. Тибқи қонуни Тоҷикистон пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ даъватшаванда сарбоз маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *