Фарҳод Дарёевро аз донишгоҳ ронданд

Дар пайи занозании як гурӯҳ аз донишҷӯён дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мудири факултаи таъриху ҳуқуқ ва муовинаш аз мақомҳои худ барканор шудаанд.

 Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи 26-уми ноябр гуфтаанд, ки занозанӣ ду ҳафтаи пеш рух дода, тасмими барканориро баъд аз санҷиши ҳодиса гирифтанд. Онҳо мудири факултаи таъриху ҳуқуқ Гулчеҳра Муродова ва муовинаш дар умури тарбия Анӯшервон Алоевро ба “бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа” айбдор карданд. Инчунин, дар пайи ин ҳодиса донишҷӯёни соли чаҳорум Арҷманд Нафасов ва Фарҳод Дарёев аз донишгоҳ ихроҷ шудаанд.Барканории декану ҷонишин ва ихроҷи ду донишҷӯ дар поёни маҳфили «Маҳфили зарифон» миёни факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва иқтисоду идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сурат гирифтааст. Дар поёни ин маҳфил миёни донишҷӯёни ҳар ду факулта ба сабаби пирӯзии факултаи иқтисод ва идора занозанӣ ба миён омад ва дар пайи ин Раҷабалӣ Қурбонов, донишҷӯи соли аввали факултаи иқтисод ва идора дар бемористони вилоятии Кӯлоб бистарӣ шуд.Масъулони Идораи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб  гуфтаанд, бо таваҷҷӯҳ ба онки тарафи ҷабрдида гунаҳкоронро бахшид, нисбат ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *