Фарҷоми ишқи хунини Ҷамшед ва Ирода
Чаро ҷавони ошиқ баъди се моҳи никоҳ аввал занашро кушту баъд раги дасти худро бурид?
Санаи 22-юми сентябри соли равон дар расонаҳо хабари худкушии як ҷавони 22- сола аз маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Дар хабар гуфта мешуд, ки Ҷамшед Тӯрақулов аввал арӯси семоҳааш Иродаро бо корд ба қатл расонида, баъдан раги дастони худро буридааст.
Чаро ҷавоне, ки бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда буд, ҳамагӣ се моҳ пас аз никоҳ ҳамсарашро бераҳмона кушта, риштаи умри ҷавони хешро низ бо дасти худ бурид? Барои ба ин савол ҷавоб пайдо намудан, мо роҳи хонаи волидони Ҷамшеди нокомро пеш гирифтем…
Аз овоза то ҳақиқат
Раҳораҳ мо дар бораи сабаби марги ин ду ҷавон овозаю ҳангомаҳои зиёдеро шунидем. Бархе мегуфтанд, ки Ирода аз Ҷамшед калон ва аллакай як бор шавҳар карда будааст, аз ҳамин хотир, волидони ҷавон ба издивоҷи онҳо розигӣ надодаанд. Азбаски Ҷамшед Иродаро сахт дӯст медошт, бе дуо ва розигии падару модараш ӯро ба никоҳи худ дароварда, дар наздикии бозори Ганҷина хонаеро иҷора мегирад. Сабаби даст ба куштор ва худкушӣ задани ин ҷавонро иддаи дигари дӯстону шиносҳои Ҷамшед дар рашк мебинанд. Ба гуфти эшон гӯё ин ҷавони баномус бо марди дигар телефонӣ суҳбат кардани занашро шунида, аз рашк ва нанг аввал ҳамсарашро ба қатл расонида, сипас раги дасти худро буридааст. Ҷасади дар хуну халаф ғарқи ин зану шавҳари ҷавонро рӯзи 22-юми сентябр аз манзили ба иҷора гирифтаашон дар пушти бозори Ганҷина пайдо карданд…
Марги ду шаҳбача дар як сол
Дар нақлиёти мусофирбаре, ки ба самти Гулбутта ҳаракат мекард, мо тасодуфан бо чанд нафар ҳамсояҳои ин хонавода вохӯрда, то куҷо ҳақиқат доштани овозаҳои дар атрофи марги пурасрори Ҷамшед паҳнгаштаро пурсон шудем. Зане бо шарти ошкор накардани ному насабаш қисса кард, ки модари зори Ҷамшеди ормонӣ чанде қабл як писари дигарашро ба хок супорида, ҳанӯз ба худ наомада буд ва марги фоҷиавии Ҷамшед қомати ин занро ба пуррагӣ шикаст. Ба гуфти ин зан Ирода дар ҳақиқат аз Ҷамшед калон буда, аз шавҳари якумаш як духтарча доштааст, аз ҳамин хотир, оилаи ҷавон издивоҷи онҳоро чандон хуш қабул накардаанд. Аз ҳамин сабаб, Ҷамшед ҳамроҳи занаш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардааст…
Малоҳат, модари Ҷамшед:
Мурдаи бачаамро 5 дақиқа дидам
Ба бачаам чӣ шуд, намедонам, 5 дақиқа ҳам намонданд
— Овозаю ҳангомаҳое, ки баъди марги писарам паҳн гаштанд, ба дили ман мисли ханҷар мерасанд. Дар асл ба бачаам чӣ шуд, намедонам, чунки зану шавҳар ҳардуяшон фавтиданд. Ин худкушӣ буд ё куштор, инро фақат Худо медонад.
-Магар ба худкушӣ кардани писаратон шубҳа доред?
—Мегӯянд, ки дастҳояш дар батареяи хона бастагӣ буданд, вале ман, ки дар он ҷо набудам, инро бо чашми худам надидаам. Бовар кунед, ман ҳатто рӯйи хунуки писарамро ҳам ба серӣ дида натавонистам. Мурдаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба хона оварда шустанд ва ҳамагӣ 5 дақиқа нагузашта бурданд… (Модар бо алам гиря карда, намедонист чӣ тавр кулбори ғаму дардашро хол кунад)
-Мегӯянд, ки Ҷамшед бе ризоияти шумо хонадор шуда, аз ҳамин сабаб, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардааст. Ин овозаҳо асос доранд?
—Писарам бо тӯю тамошо оиладор нашуда буд. Он зан аз худаш калон, бар замми ин, як духтарча дошт, вале писарам ӯро дӯст дошта, ба хотири ишқаш хонаеро иҷора гирифт. Онҳо дар маҳаллаи 63 зиндагӣ мекарданд…
—Ҷамшед дар бораи моҷароҳои оилавиаш ба шумо нақл намекард? Мегӯянд, ки вай тариқи телефон бо марди дигар суҳбат кардани ҳамсарашро шунида, аз рашк аввал занашро куштаасту баъд раги дасти худашро буридааст…
—Ростӣ, байни он зан ва писарам чӣ шуду чӣ монд, ман намедонам. Ҷамшед дар маҳаллаи “Дӯстӣ” ба ҳайси посбон кор мекард. Ду рӯз пеш аз маргаш ба хона омада буд. Либосҳояшро шуста дарзмол кардам. Ҷамшед онҳоро ба бар карда пурсид, ки оча чӣ хел шудам, баъд хайрухуш карда, гуфт, ки ба кор меравам. Писарамро дуои сафед дода, гусел кардам. Ҷамшедҷонам “очаҷон, то дидор” гуфта рафту бо ҳамин дигар барнагашт.
Маргашро ҳис мекард
—Ҳар тағйироте, ки дар вуҷуди фарзанд пайдо мешавад, аз чашми модар пинҳон намемонад. Вақтҳои охир дар рафтори писаратон ягон чизи шубҳаоварро пай набурда будед?
—Ягон тағйиротро пай набурда будам, вале пеш аз маргаш Ҷамшед ба хона занг зада буд. Духтарам телефонро бардошта гуфт, ки оча, Ҷамшед шуморо мепурсад. Писарам баъди аҳволпурсӣ гуфт, ки 150 сум пул фиристодааст, рафта гирем. Пурсидам, ки пул чӣ лозим, гуфт, ки рафта орд харед. Дар ҳаққаш дуои нек кардам. Писарам бо овози ларзон пурсид, ки ман ӯро дӯст медорам ё не. Аз ин саволаш ҳайрон шуда “барои чӣ ин хел мегӯӣ” гуфтам. Ҷамшедҷон “Ман шумоя нағз мебинам, очаҷон, маро бахшед” гуфта, гиря кард. Пурсидам, ки барои чӣ гиря мекунӣ, вале ба саволам ҷавоб надода “аз ман розӣ бошед” гуфту хоҳиш кард, ки телефонро ба акааш диҳам. Дар куҷо буданашро пурсон шудам, гуфт, ки дар маҳаллаи 102 аст ва бегоҳ ба хона меояд. Баъд бо апааш Дилноза гап зада, аз вай ҳам бахшиш пурсид, пас аз ин бо акааш суҳбат карда, узр хост ва “Шуҳратҷон мана бахшед”гуфт. Рафтори писарам маро ба шубҳа овард ва дар дилам алав афтид. Намедонистам чӣ кор кунам, вале шояд маст бошад гуфта, худамро тасаллӣ додам, аммо соатҳои 4-и бегоҳ ба телефони акааш занг омад. Ин занги одӣ ва муқаррарӣ набуд, занге буд, ки дар дили мо доғи абадӣ ниҳод…
Марги писарамро пинҳон доштанд
-Хабари марги Ҷамшедро кӣ ба шумо расонд?
—Кӣ занг зад, намедонам, вале чашмони духтарам Дилноза якбора ҳавзи об шуданд. Ба ташвиш афтида пурсидам, ки чӣ гап шудааст. Дилноза баҳона кард, ки кадом хешамон мурдаасту бояд ба хонааш занг зада хабар диҳад. Дилам аз пешомади ногуворе дарак медод ва мисли одами моргазида худро ба сад тараф зада аз ҳама мепурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Билохира, хоҳарам бо чашмони пуроб гуфт, ки Малоҳат, миёнатро маҳкам банд. Дигар чизеро дар ёд надорам…
Рӯи Ҷамшед тарафи тиреза будааст
—Касоне, ки барои овардани ҷасади Ҷамшед рафта буданд, чӣ мегӯянд?
—Вақте барои гирифтани ҷасади писарам мераванд, дастонаш дар батареяи хонааш баста будаанд. Намояндагони тамоми мақомотҳои дахлдор ба ҳамон хонаи иҷорааш рафтанд. Ҷамшед он занро дӯст дошта, бо хоҳиши худаш гирифта буд. Мегӯянд, ки аз рашк занашро кушта, баъд худкушӣ кардааст, вале мо асли воқеаро намедонем. Шикоят карданӣ ҳам нестем, чунки бо даъво кардану дар ба дари суду прокурор гаштан писари ман дубора зинда намешавад. Ман ҳамчун як модари аламзадаи фарзандгумкарда ба ҷавонон фақат ҳаминро гуфтаниям, ки умри ҷавони худро ба бод надиҳанд ва ба ҷони худу волидонашон раҳм намоянд!
Фарҷоми ишқи хунин
Маросими ҷанозаи Ҷамшед Турдиқулов рӯзи 21-уми сентябр дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Гулбутта баргузор гашта, ин ҷавони ормониро дар оромгоҳи Гулбутта ба хок супурданд. Ҷасади арӯси ҷавонмарги ӯро наздиконаш ба зодгоҳаш бурданд.
Ишқи Ҷамшед ва Ирода дар хун оғӯшта гашта, чунин талх фарҷом ёфт ва он бояд ба дигар ҷавонон дарси ибрат гардад. Қабл аз он ки даст ба амале мезанед, сад бор оқибати онро андеша намоед, зеро як хатои ҷавонӣ метавонад умри ширини инсонро барбод диҳад!
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ