Фараҳноз Шарафова дар Австралия консерт медиҳад

Овозхони маъруфу хушсадои тоҷик Фараҳноз Шарафова дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм хабар дод, ки аввалин барномаи консертиашро дар Австралия баргузор мекунад.

Фараҳноз Шарафова бо нашри таблои тарғиботӣ навиштааст, ки хабари хушро дербоз мехост ба ҳаводоронаш бигӯяд ва акнун онро мерасонад. Таърихи 28-уми декабр консерташро барои форсизабонон дар Австралия барпо мекунад.

Овозхон ишора кардааст, ки сафари ҳунариаш бо ташаббуси ширкати Baran Entertainment доир гашта, дар он ба ҷуз ӯ боз Заҳра Эҳҳам низ ҳунарнамоӣ мекунад.

Бинобар гуфтаи сароянда кӯшиш мекунад ҳама таронаҳои “хит” ва дӯстдоштаи мардумро иҷро кунад.

То ҷое маълум аст, то имрӯз Фараҳноз Шарафова, ки сурудҳояш дар интернет миллионҳо шунаванда доранд, берун аз кишвар танҳо дар Федератсияи Россия консерт додаасту халос.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *